БОЗИҲОИ ОСИЁ: Дар шаҳри Ҷакарта Парчами Тоҷикистон парафшон шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми имрӯз дар шаҳраки олимпии шаҳри Ҷакарта – мизбони 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё — маросими парчамбардории дастаи мунтахаби Тоҷикистон баргузор шуд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар чорабинӣ директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, раиси шаҳраки олимпии Ҷакарта Три Ананта Андреаван ва варзишгарони тоҷик иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 100 нафар, аз ҷумла 81 варзишгар аз рӯи 16 намуди варзиш: футболи бонувон, варзиши сабук, шиноварӣ, гӯштин, таэквондо, каратэ, дзюдо, кураш, самбо, ҷиу-ҷитсу, вазнбардорӣ, камонварӣ, тирандозӣ, бокс, қайиқронӣ ва ушу иштирок мекунад. То имрӯз дастаи футболи бонувон, варзишгарон аз намудҳои таэквондо, гӯштин, вазнбардорӣ ва тирандозӣ ба маҳали бозиҳо расиданд.









Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






