БОЗИҲОИ ТОБИСТОНАИ ОСИЁ: Аз рӯи шумори медалҳо Ӯзбекистон ба сафи даҳгонаи беҳтарин ворид гардид

Август 27, 2018 11:07

ДУШАНБЕ, 27.08.2018./АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои 18-уми тобистонаи Осиё, ки 18 август дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия шурӯъ гардиданд, идома доранд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Индонезия хабар медиҳад.

То имрӯз мусобиқаҳо оид ба гуштини варзишӣ, шиноварӣ, тӯббозӣ дар об, софтбол, баскетбол 3х3, шамшербозӣ, ҷиуҷитсу, голф, ҷетски, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, теннис ва ушу ба анҷом расиданд. Варзишгарони мо дар намудҳои гуштин, шиноварӣ, ҷиуҷитсу, тирандозӣ ва ушу иштирок карданд, вале аз медалҳо бенасиб монданд.

Варзишгарони тоҷик рӯзҳои баъдӣ рақобатро дар намудҳои дзюдо, кураш, самбо, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, бокс идома медиҳанд.

Аз рӯи маълумотҳои охирин, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо дастаи мунтахаби Чин бо 178 медал (78 тилло, 59 нуқра, 37 биринҷӣ) пешсаф аст. Ҷопон бо 123 медал (40-34-49) дар ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 94 медал (27-30-37) дар ҷои сеюм қарор доранд. Дар байни  кишварҳои Осиёи Марказӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар сафи пеш қарор дорад: дастаи мунтахаби ин кишвар аз рӯи шумори медалҳои бадастоварда ба даҳгонаи беҳтарин ворид гардид.

Умуман варзишгарони 35 кишвар ба гирифтани медалҳои бозиҳо шарафёб шудаанд ва варзишгарони 28 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд. Тоҷикистон бо як медали нуқра дар ҷои 32-юм қарор дорад. Тавре хабар додем, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назарови 36-сола дар мусобиқаи ниҳоии гурзандозӣ миёни мардон, ки   дар варзишгоҳи «Gelora Bung Karno Main Stadium»-и пойтахти Индонезия — шаҳри Ҷакарта бо ширкати 12 варзишгар баргузор шуд,  сазовори ҷои дуюм ва медали  нуқра гардид.

Август 27, 2018 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад