Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мегарданд

Август 8, 2018 16:31

ДУШАНБЕ, 08.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, ҳамзамон   бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш мусобиқаи кушод оид ба гӯштини  дзюдо миёни наврасону ҷавонони то 23-сола баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд,   дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 70 нафар варзишгарон иштирок ва дар вазнҳои алоҳида бо ҳам рақобат намуданд.Дар фароҷоми мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин дар толори варзишии Муассисаи давлатии  Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №2 шаҳри Душанбе  оид ба таэквондо  Чемпионати шаҳри Душанбе байни наврасону ҷавонон оид ба таэквондо ВТФ баргузор шуд.

Дар Чемпионати мазкур варзишгарон  аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи  марка зиёда аз 85 нафар иштирок варзиданд. Дар ҷамбасти Чемпионат ғолибон ва ҷоизадорон бо диплом, медал ва туҳфаҳои таъсисдодаи Раёсат қадрдонӣ гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон   мусобиқаҳо ва чорабиниҳои  гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то  10 августи соли равон дар толору майдончаҳои варзишии ҳудуди пойтахт баргузор  мешаванд.

Август 8, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад