Дар Душанбе соддагардонии тиҷорат дар пасманзари иҷрои Созишномаи СҶС баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон дар пасманзари иҷрои Созишномаи Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) доир ба соддагардонии расмиёти савдо» зимни ҳамоиши серӯза дар шаҳри Душанбе матраҳ гардид.
Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Дар он намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, ки дар самти мусоидат ба тиҷорат фаъолият мебаранд, ширкат намуда, афзалиятнокӣ ва муҳлати иҷрои ислоҳоти соддагардонии тиҷорат дар Тоҷикистон ва уҳдадориҳои марбутаи кишварро баррасӣ намуданд.
Зикр шуд, ки Созишномаи соддагардонии расмиёти савдо (TFA), ки моҳи феврали соли 2017 ба амал даромадааст, созишномаи СҶС буда, аз аъзои он тақозо мекунад, то интиқоли бор, аз ҷумла борҳои транзитиро суръат бахшанд. Мушовири калони МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат доктор Муҳаммад Саид, мегӯяд, ки «созишномаи мазкур аъзои СҶС-ро муваззаф мекунад, то равандҳои гумрукиро беҳтар кунанд, шаффофият ва муассириятро боло баранд ва ҳамчунин, ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ монанд».
Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи уҳдадориҳояш Кумитаи соддагардонии расмиёти савдоро таъсис додааст, ки ба ҳайати он намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ шомил мебошанд. Намояндагони ин Кумита дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва коршиносони МТБ аллакай ба муайянсозии чораҳои афзалиятноки ислоҳоти соддагардонии тиҷорат ва тартиби иҷрои онҳо машғул мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 узви комилҳуқуқи СҶС гардид.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






