Дар шаҳри Турсунзода IV Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта доир мегардад
ДУШАНБЕ, 11.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода IV Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ғамхории доимии Пешвои миллат барои мо ҷавонон ҷовидон боқӣ мемонад!» баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Анҷуман намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати корҳои хориҷӣ, 100 нафар ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва ҷавонони фаъолу ташаббускор иштирок мекунанд.
Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва Форуми дӯстии ҷавонон ду рӯз идома ёфта, дар доираи он иштирокдорон аз осорхонаи Мирзо Турсунзода, осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода ва осорхонаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дидан мекунанд.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






