Дар вилояти Суғд Анҷумани IV байналмилалии оҳангарон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дирӯз дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Анҷумани IV байналмилалии оҳангарон баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Анҷумани мазкур оҳангарони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок намуда, оид ба таърихи оҳангарӣ ва ривоҷу равнақи ин ҳунари мардумӣ дар замони муосир ибрози андеша намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ифтитоҳи Анҷуман Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки маҳсули дастранҷи оҳангарони ноҳияи Ашт, аз қабили каланд, бел, теша, хоркантеша, табар, болға, дос, гулмех, наъл, корд, шамшер, оташгирак ва ғайраҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон ҳам харидорони зиёд доранд.
Мавриди зикр аст, ки оҳангарӣ яке аз касбҳои маъмули мардуми тоҷик буда, мардуми мо ин касбро аз давраи Кова ба ёд дорад. Сабаби як андоза бардавом будани ин пеша ниёз ва талаботи мардум ба маҳсулоти оҳангарӣ мебошад.













Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






