ДАРГУЗАШТИ ИСКАНДАР АСАДУЛЛОЕВ

Август 16, 2018 09:38

ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/Дирӯз дар шаҳри Душанбе донишманди маъруф, доктори илмҳои фалсафа, профессор, ходими намоёни ҷамъиятӣ Искандар Асадуллоев дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора  имрӯз ба АМИТ «Ховар» хоҳари ӯ, нависандаи шинохта, узви Иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Россия Элеонора Қосимова   хабар дод.  Номбурда гуфт,  «бародарам тӯли чанд рӯз бинобар  тағйирёбии ҳаво худро бад ҳис мекард ва мутаассифона,  аз бемории сактаи дил аз олам чашм пӯшид».

Маросими ҷанозаи Искандар Асадуллоев  имрӯз дар шаҳри Душанбе  баргузор мегардад.

Искандар Асадуллоев 26 марти соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1973 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст.    Баъди дифои рисолаи номзади илми фалсафа ба ҳайси дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, корманди масъули Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намудааст. Муддате хабарнигори бахши русии Радиои «Озодӣ» буд ва созмони ғайридавлатии Маркази иттилотию тадқиқотии «Симурғ»-ро таъсис дода,  ба он роҳбарӣ мекард.

Аз моҳи июли соли 1996 ба ҳайси Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1998 ба симати Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ёрдамчии   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи январи соли 2007 вазифаи сарходими илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Соли 2003 рисолаи доктории худро бомуваффақият  дифоъ  намуд. Унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро сазовор шуд ва узви Созмони байналмилалии Гегел ва узви Феҳристи  Гегели Олмон  буд.

Искандар Асадуллоев яке аз олимони маъруфи соҳаи фалсафа, таъриху ҷомеашиносии кишварамон ба шумор меравад. Муаллифи даҳҳо китобу мақолаҳои арзишманд мебошад. Вай консепсияи минтақаҳои марзӣ ва назарияи мавҷудияти бист категорияи нави фалсафиро тарҳрезӣ намудааст. Дар корҳои илмию тадқиқотии вай проблемаҳои геополитика, фалсафаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ, амнияти минтақавӣ ва миллии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. Ӯ доир ба масоили муҳими муосир борҳо дар конфронсҳои илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ суханронӣ кардааст.  Чанд кори илмию тадқиқотии Искандар Асадуллоев ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Ҳамчунин,  ба қалами вай намоишномаи ҳаҷвии «Ишқи ман– демократия», маҷмӯаи ҳикматҳо ва шеърҳо тааллуқ доранд.

Искандар Асадуллоев бо мо пайваста ҳамкорӣ мекард, мақолаву ҳикояҳо мефиристонд, занг мезад, ба занги телефони мо ва суолҳои мо сари вақт ҷавоб медод. АМИТ «Ховар» ба аҳли хонаводаи марҳум, наздикону дӯстон нисбат ба даргузашти Искандар Асадуллоев ҳамдардии амиқ изҳор менамояд.

Август 16, 2018 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд