ХАДАМОТИ ГУМРУК: Дар шаш моҳи соли равон 2261 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 2.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Дар шашмоҳаи аввали соли 2018 аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 2261 ҳолати қонуншиканиҳо ошкор гардидааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода баён дошт.
Аз ин миқдор 45 ҳолат ҷиноят буда, 23 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 3 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 19 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошанд. Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолият дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида ва муштарак гузаронида шуд. Дар натиҷаи ин санҷишҳо воридоти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ, ангишт, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, лампаҳои тафсон, мева, чойи хушк, доруворӣ, хӯроки парранда, ҳасиб, гӯшти қиммакардашуда, тухми мурғ ва ғайраҳо ошкор шуданд».
Хуршед Каримзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар натиҷаи баррасии 2216 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 1835 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 1256 адад парвандаҳо тибқи тобеият барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардиданд. Дар натиҷа, ба маблағи 4 миллиону 456 ҳазору 522 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 3 миллиону 697 ҳазору 155 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат ворид гардид.
Сардори Хадамоти гумрук иброз дошт, ки дар нимсолаи соли равон маблағи ҷамъоваринамудаи пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 364,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
«Сабаби асосии афзоиши арзиши моли воридотӣ ва дар ин замина барзиёд таъмин гардидани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ, ин пеш аз ҳама, такмил додани низоми маъмурикунонии барасмиятдарории гумрукӣ, татбиқи дурусти қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукии молҳои ниёзи мардум, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисоди хориҷӣ ва пешгирии воридоти ғайриқонунии молу мавод ба ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад», — афзуд Х.Каримзода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад






