«ХОКИ БАЛАНД». Чунин ном дорад маҷмӯаи ашъори шоири ӯзбектабор Тӯлқин Хоҷа, ки чанд сол пеш бо кӯшишу эҳтимоми шогирдаш ба табъ расида буд
ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмӯаи ашъори муаллими мактаби деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Тӯлқин Хоҷа, ки соли 2013 бо кӯшишу эҳтимоми шогирдаш Асадулло Раҳмон дар нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст, бозгӯи зиндагиномаи муаалиф аст. Дар навбати худ, зиндагиномаи шоир намунаи барҷаста ва гӯёи пайванди қавӣ ва ногусастании ду халқи бародар – тоҷику ӯзбек буда метавонад. Тӯлқин Хоҷа фарзанди миллати ӯзбек буд, вале дар мактаби деҳа (мактаби №5-и ноҳияи Данғара) аз забону адабиёти тоҷик дарс мегуфт ва шеърҳояшро низ ба забони тоҷикӣ иншо намудааст. Ва шеърҳои хуб навиштааст. Устоди зиндаёд Бозор Собир дар як суҳбат бо мо гуфта буд: «Шеърҳои Тӯлқин Хоҷа намунаи беҳтарини ашъори шоирони маҳаллии мост».
Дар зер чанд навишта чун ёдкард аз ин шоири маҳбуб пешкаши хонандагон мегардад. Зарур донистем аввал як шеъри худи ӯро, ки дар он муҳаббати ӯ ба деҳааш ва дар симои он ба тамоми Тоҷикистон ифода ёфтааст, мисол оварем. Сипас мулоҳизаҳои рӯзноманигор Ҷумъахон Темурзода роҷеъ ба маҷмӯаи ашъори шоир қобили таваҷҷуҳ хоҳад буд. Пасон ноиби Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад дар бораи Тӯлқин Хоҷа сухан мегӯяд. Ва, ниҳоят, дар фарҷом қисмате аз манзумаи шоир ва рӯзноманигор Тағойназар Бақозода, ки дар бораи рӯзгор ва осори дӯсти наздикаш Тӯлқин Хоҷа навиштааст, манзур мегардад.
Пушинг
Замони кӯдакиам бекарон будӣ,
Ҷаҳон будӣ,
Ва аз он ҳам калон будӣ.
Ҳамеша бо баландии лаби бомат,
Маро болотар аз Боми Ҷаҳон будӣ.
Дилам аз шавқи бозӣ буд моломол,
Зи хокат шаҳрҳо бунёд мекардам.
Бо хоки кӯчаи хокии ту бо чӯб,
Чу наққоше асар эҷод мекардам.
Сари рӯи маро саргармии бозӣ,
Ба хоки кӯчаву кӯи ту меолуд.
Чу ман ҳар гирдбод аз оғуши хокат,
Ба худ болида сар бар осмон месуд.
Ба чашмам гард меафтид ҳар боре,
Пуфи модар давои дидагонам буд.
Маро бар хокбозӣ раҳ надоданҳо,
Даруни сина меҳри хоки ту афзуд.
Зи гарди кӯчаҳои хокии покат,
Шавам гирён, агар олуфтае нолад.
Шавам гирён, агар гарди ту бо боде,
Бияфтад чун ғарибе дур аз хокат.
Ба теғи сангу неши хори роҳи ман,
Зада хуншор мешуд дасту пои ман.
Кафи хокистару хоки сиёҳат буд,
Давои бебаҳои захмҳои ман.
Ба поям захми сангу хори ту монда,
Мисоли тамғае дар пайкари банда.
Зи мӯҳри сангу хорат нағз бишносад,
Маро ҳамчун ғуломат мурдаю зинда.
***
Аз қаламроҳ то қадамҷо
Дар қаламрави шеъри муосири тоҷик, охири солҳои ҳафтод ва аввали солҳои ҳаштодуми садаи ХХ, шоир Тӯлқин Хоҷа тавониста, ки боҷуръатона қадам сӯи қадамҷои шеър гузорад. Ҳарчанд ки қаламрави шеъри тоҷик шоҳсутунҳое чун устод Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Аскар Ҳаким, Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ҳадиса ва чанди дигаре буданд, ки нардбони шеъри тоҷикро бар дӯши хеш доштанд. Ва дар коргаҳи шеър ва қаламрави сухан бештар баҳсҳои доманадор дар атрофи шеъри ин устодон сарусадои зиёде дошт.
Ноқидони каломи мавзун дар коргоҳи ҳунари суханофарӣ он қадар мӯшикофона тадқиқотҳоеро рӯи кор меоварданд, ки на ҳар гӯш онро шунида ва на ҳар ҳуш тобу тоқати бардошти он ҳамаро дошт. Донишмандоне чун устоди равоншод, донишманди шинохтаи адабиёти муосири тоҷик Соҳиб Табаров, Раҳими Мусулмониён, Юсуф Акбар, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Худоӣ Шариф, Худойназар Асозода, Маъруф Раҷаб ва чанди дигаре буданд, ки эҷоди ҳар кадоме аз ин нобиғагони назми муосир мавриди таҳлилу тадқиқоти ҷиддии онҳо қарор мегирифт. Ва ҳамин нақди беғаразонаи донишмандони кишвар буд, ки шеъри муосири тоҷик дар қаламрави шеъри порсӣ ва қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиби ҷойгоҳи боэътимоде гардида буд. Ва ҳамин нақд буд, ки нобиғагони назми муосир дар тамоми қаламрави порсигӯёни ҷаҳон муаррифӣ гардиданд. Ин ҳама ошноӣ бо шеъру шоир ва фарҳангу фаросат ва балоғату назокати суханварӣ то оғози солҳои навадуми садаи ХХ буд, ки чун афсона ва рӯъё қаламрави ормонҳои моро тарк карданду рафтанд. Оғози солҳои 90-уми садаи гузашта, бо сабабҳои номаълум, он кишвари абарқудрати шоирпарвару олимпарвар ва фарҳангсолору ҷаҳонпаноҳ бо дастони гурӯҳе аз фарзандони ноқобил тика-тика гашт. Ва ҳар тикаи он ба майдони ниқору кина ва худхоҳиву марудмозорӣ ва башарситезӣ табдил гардида, адабиёт ва шеъру шоир муддате муҳр бар лаб зада, дамидани субҳи умедро дар торикистони андешаҳои даҳшатбор интизорӣ мекашиданд. Баъди се соли пуртаҳлука ва даҳшатбор, яъне аз баҳманмоҳи порсӣ (моҳи феврали милодии 1990) то баҳманмоҳи 1993, сарнавишти давлат ва миллати номдори тоҷик дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Касе чизеро наметавонист, ки пешгӯӣ намояд. Иттиҳод ва якпорчагӣ ба куллӣ аз байн рафта буд. Донишмандон, зиёиён ва фарҳангсолорони кишвар, ки маҷоли боз кардани забон надоштанд, бо кафи пур аз дуо, аз даргоҳи Яздони пок илтиҷои он доштанд, ки моро аз ин вартаи ҳалокат наҷот бубахш. Ва дуои аҳли калом, ки аз сари сидқу вафодорӣ бар миллату Меҳан буд, мустаҷоб гардид, шаҳсаворе аз кишвари озодагон бо пайки озодӣ ва самимияти инсонӣ ва қалби саршор аз муҳаббати ватандорӣ ва сарнавишти буду набуди қаламрав, бо фотиҳаи модари биҳиштмаъво рӯи кор омад. Ва ҳақ ҷониби шоири шаҳири миллат Лоиқ – лоиқи дилҳои мардум мебошад, ки фармуда буд:
Раҳми Парвардигори мо омад,
Сулҳи деринтизори мо омад.
Ва аввалин мулоқот ва вохӯрии сулҳофар бо Раиси Шӯрои Олии тозаинтихоб дар даҳаи дуюми моҳи феврали соли 1993 истиқлолияти давлатии қариб аз дастрафтаро боз овард. Ин мулоқот ва вохӯрӣ хишти тиллоии девори истиқлолияти кишварро дар баҳои хонумон ва ҷони ҷавони Раиси Шӯрои Олии тозаинтихоб гузошт. Ва адабиёту фарҳанги миллат, аз зулмот ва торикӣ, рӯ ба сӯи Хуршеди умед намуданд. Аз чаҳор ақсои Тоҷикистони азиз, ҳар кӣ чароғе аз маърифат ба даст дошт, ба пойтахт омад… Вале шоири дардошнои миллат Тӯлқин Хоҷа аз зумраи ҳамон сарсупурдагони азалӣ буд, ки дарду сӯзи ҷовидонии куҳандиёр ва қаҳрамониву матонати сарбаландони кишварро истода аз зодбумаш тараннум мекард. Ва имрӯз маъзуру маъзарат аз рӯҳи поки ба ҷовидон пайвастаи ӯ хоста, дар атрофи шеъри ӯ домони суҳбат хоҳем густурд.
Шеъри Тӯлқин аз шамими атрогин ва накҳати муаттари гулу гиёҳ ва абру борон ва Хуршеду ситоразори самои бекаронаи деҳи Пушинг нумӯ гирифта, дар қалбҳои муштоқони ашъораш маскан гирифтааст.
«Хоки баланд» — асари мондагори шоири равоншод Тӯлқин Хоҷа фарогири 65 шеър, 6 сипоснома, 7 васфия, 433 рӯбоӣ ва 73 дубайтӣ мебошад, ки саропо сӯзу сози шоир бо матонат ва қаҳрамонӣ таҷассум гардидааст. Тӯлқин даъвои шеъру шоирӣ надорад. Ӯ рустояшро бо ҳама каму костиҳо ва мардумони шарафёраш дӯст медорад. Дар симои рустои Пушинг, ки як пораи хоки пурармони Хатлони гурдофарид ва Тоҷикистони биҳиштмаъво мебошад, бо талу теппаҳои ризқофараш аз тамоми кишварҳои афсонавӣ болояш мегузорад. Муҳаббат ва садоқати ватандорӣ Тӯлқини муаллимро дар мактабхонаи одамият пойбанди рӯҳи поки азизон намуда, ин муҳаббат ва садоқат то вопасин нафас нагзошт, ки тарки деҳу мардумонаш намояд. Дар қаламраҳи шеъру сухани ҷовидона нақши ҷовидонии хешро гузошт. Хуш баҳори абадияти ӯ, ки шогирде чун Асадулло Раҳмон доштааст. Он гуна, ки Абуахлоқ Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ чунин шогирд бо номи Абубакри Бесутун дошта, чаҳордаҳ сол пас аз марги устодаш, ашъори ӯро аз забонҳои ёру дӯстон ва ошиқону дӯстдоронаш ҷамъоварӣ намуда, дар шакли куллиёт мураттабаш сохта, то ба замони мо расидааст. Ва номи Абубакри Бесутунро баробари номи поки устодаш, дар лавҳи заррини таърихи адабиёти форс ҳаккокӣ намудаанд. Арҷу эҳтироме, ки Асадулло Раҳмон бар устоди равоншодаш доштааст, ифодагари арҷу эҳтиром ба фарҳанг ва адабиёти тиллоии кишвар, марзу бум ва мардумони фарҳангсолор ва Роҳбари муаззами он — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъкидҳои ғамхоронаи ӯ дар роҳи дастгирии аҳли калом ва соҳибмаърифатии кишвар мебошад.
Тасвирҳои Тӯлқин Хоҷа аз манзараҳои афсонавӣ пеши чашмаш нумӯ гирифта, то ба пуштаҳои лоладомону даштҳои ризқофар ва ганҷҳои нухуфтаи талу теппаҳои диёр доман афрохтааст. Ва шоир бо диду дарки хирадмандона тапидани набзи Ватанро аз тапидани набзи деҳи гулбасар ва лоладомони диёраш эҳсос намудааст. Он гуна, ки дар шеъри «Тоҷикистон бошад» шоир фармуда:
Ватане, ки ватани боғу баҳорон бошад,
Ватани чаҳ-чаҳаи сулсулу сорон бошад,
Ватани шоирию шеъри шиёрон бошад,
Тоҷикистон бошад.
Ватане, ки ватани шаршараҳои ширист,
Ватани мазрааву манзараҳои серист,
Ватани ҷӯшу ҷавонии ҷаҳони пирест,
Тоҷикистон бошад.
Ватане, ки ватани сарвати инсонии мост,
Ватани салтанату савлати инсонии мост,
Ватани тантанаи қисмати инсонии мост,
Тоҷикистон бошад.
Ватане, ки нагузорам шикане бишканадаш,
Ватани аҷнабию аҳримане бишканадаш,
Камии маърифати ҳамватане бишканадаш,
Тоҷикистон бошад.
Он диёре, ки азизон назар андохтаанд,
Ҳамчу бар муъҷизагоҳон дилу ҷон бохтаанд,
Нусха бардошта Фирдавсӣ барин сохтаанд,
Тоҷикистон бошад.
Доди ӯ доди ягон дод надода бошад,
Доди як Золи Зару зот надода бошад,
Доди ҳеҷ Эзиду Иршод надода бошад,
Тоҷикистон бошад.
Оре, тасвирҳои армоншикани шоир, ки саршор аз муҳаббати диёри зебоманзари афсонавии биҳиштмаъвояш будааст, як пораи ҷони Ватани гурдофараш мебошад. Бо он ки шаршараҳои ширӣ ва мазрааҳои серӣ ва ҷавонии ҷаҳони пире дар нигориши шоир набзи хонандаро ба тапиш меорад ва ӯро вориди дунёи афсонавии олами тахайюлоти рангине аёнӣ намуда, ба гӯши ҷони ӯ мегӯяд: «Ватани сарвати инсонии мост». Яъне, ҳама эътибор ва салтанату савлати инсон аз Ватан нумӯ мегирад. Ва ин Ватани дӯстдоштанӣ сазовори ҳама арҷҳост. Ва ҳама меҳру муҳаббат ва садоқатро нисори ин Ватан бояд намуд. Ва нагузорем, ки бо хато ва васвасаи бебасаре захм бар ҷони ӯ биёранд. Дили саршор аз муҳаббати шоир бо таъкид ба хонандаи хеш мегӯяд, ки ин ҳамон ватанест, ки азизони гузашта диди муҳаббат ба ӯ андӯхта, ба олами афсонаву муъҷизоти асрораш қоил гардида, аз муҳаббат дар синаҳо Фирдавсӣ барин сохтаанд. Пас, ҳамин диёри гурдзои афсонавӣ, ки ҳар талу теппаи он шоҳиди ҳазорон Золи Зару Рустамҳост, Тоҷикистони ман мебошад. Ва ин хоки бузургон дар ҳама боду бӯронҳо ва тӯфону ҳаводиси рӯзгор ҳазорон дарду ранҷу заҳматро дар синаи хеш нуҳуфта, барои мо фарзандон таърихро ба мерос гузоштааст. Тӯлқин, ки аз таърихи куҳандиёри хеш хеле хуб огоҳӣ дорад, дар нигоштаҳояш тасвирҳои риққатовари гузаштаи пуршӯри хеш хеле хуб таҷассум ёфтааст. Шеъри «Кӯлоб» далели ин гуфтаҳо буда метавонад:
Кӯлоб гузаштанашаванда кӯҳест,
Кӯлоб шикастанашаванда рӯҳест.
Кӯлоб ба лабташнаи худ кӯлоб аст,
Кӯлоб ба хунташнаи худ селоб аст.
Як халқи асосист дар ин ҷо ҳама халқ,
Як халқи намозист дар ин ҷо ҳама халқ.
Ман тоҷику ту урус гуфтанҳо нест,
Ман муъмину ту маҷус гуфтанҳо нест.
Тоҷикии соф дар лаби қирғизаш,
Тоҷикии ноб дар лаби немисаш.
Ширинии лофи тоҷикӣ дар ин ҷо,
Ширинии софи тоҷикӣ дар ин ҷо.
Таърихи беш аз сеҳазорсолаи ин миллати қаҳрамони гурдзо бо номи тоҷикӣ, бо нони тоҷикӣ, бо боми тоҷикӣ маҳз дар Хуталони номвар, дар сафаҳоти оташу хун, дар устухони гурдони ин диёр нақши абадият дорад. Тӯлқин, ки дар миёни ин мардум умр ба сар бурдааст, аз ҳолу аҳволи ин мардум, аз ҳама бештар огоҳӣ доштааст. Воқеан, Кӯлоб гузаштанашаванда кӯҳест, ки садди роҳи ҳама душманони Хуталон гардида. Ва воқеияти дигари таърихӣ рӯҳи шикастнопазири диловаронаш мебошад, ки дар ҳама давру замонҳо душманонашро ба дилларза андохта. Шоир бо матонат ва бо бовари қотеонаи таърихӣ гуфтааст, ки як воҳиди миллӣ, як воҳиди фарҳангӣ, як воҳиди динӣ маҳз дар Кӯлоб будаву ҳаст. Бошандагони шаҳри Кӯлоб аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ва аз тамоми қавму миллатҳои соири кишварҳои ҳамсоя мебошанд. Ва ин иттиҳоду ҳамбастагӣ таърихи хеле дурудароз доштаву дорад. Он гуна, ки шоир фармуда: Тоҷикии соф дар лаби қирғизаш ва ҳамин гуна алфози ноб дар лаби немисаш, ин ҳама гувоҳи он аст, ки ҳамагон дар ин ҷо як миллати воҳид мебошанд. Ва истеъдоди офарандагии шоири ватансарост, ки тамоми хулқу атвор, урфу одат ва матонату қаҳрамонии ин мардум дар ҳамин як шеър ғунҷидааст. Ва ин шеърро аксари хонандагони Кӯлобшаҳри бостон ҳамчу рамзи қаҳрамониву ватанхоҳӣ ва иттиҳоду ягонагӣ аз ёд медонанд. Инчунин, месазад, ки ин шеър дар девори даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб бо тамоми ҳунари хаттотӣ сабт гардад, чунки ин корнома ва шарҳи ҳоли Кӯлоби бостон мебошад. Бубинед, шоир бо шӯру шарори қалби оташбор чи қадар зебо гуфта:
Аз покии ӯ фасона дорад покӣ,
Чил ҳайкали ҷовидона дорад покӣ.
Гар мардуми Хуталон мусулмон набувад,
Як мардуми ду ҷаҳон мусалмон набувад.
Дар пушти ҳукуматаш Ҳумо истодаст,
Дар пушти ҳимояташ Худо истодаст.
Ӯ Мир Алии Ҳамадоне дорад.
Эмом-алии ҳамадоне дорад.
Ҳар хасм кунад мушт ба сӯи Кӯлоб,
Ҳар хасм занад мушт ба рӯи Кӯлоб.
Ӯро нигарон аст мазоҳи Балхӣ,
Ӯро нигарон аст изои талхе.
Тасвири маҷозии шоир, ки ӯро нигарон аст, мазоҳи балхӣ он гуна, ки пиру барнои Балх, сарлашкари аъроби биёбонӣ, Асад бинни Абдуллоро баъди шикаст хӯрданаш аз мардуми Кӯлоб мазамматаш намудаанд, ҳамин гуна шарманда хоҳад шуд.
Рӯҳи қавии миллии кишварсози ин мардум дар ҳама давру замонҳо девори бузурги нангу номуси миллат будаву ҳаст.
Ин ҳама нишон аз муҳаббат ва садоқати бепоёни шоир ба Ватан ва ҳар пораи хоки диёр мебошад. Шоири дардошно ва меҳандӯст бо шӯру шарорҳои гулханафрӯзи саршори дардномаи миллати қаҳрамони гурдзои таърихофари тоҷик тавъам буда, дурахши хуршеди тобони миллатро тараннум намудааст.
Симои ҷовидонаи модар, мақоми биҳиштии ӯ, алфози хуши тифлонаи модари пир хосса хонандаеро, ки пирии модарро дида, чун шоири ширинкалом Тӯлқин ба зинҳораш расидааст, оромаш намегузорад. Шеъри саропо нозу меҳру муҳаббату садоқату шарофату шафоати модарона «Модари кампири ман» хонандаро вориди дунёи пур аз муҳаббати модарона намуда, водор месозад, ки ба зинҳори модарон бирасанд.
Модари кампири ман кӯдак шудаст,
Пургапу инҷиқу гирёнчак шудаст.
Рӯзу шаб овораам аз пушти ӯ,
Зораву наззораам аз пушти ӯ.
Ҳамраҳи ӯ кӯдакона гап занам,
Бо фусуну бо фасона гап занам.
Медиҳам гапҳои ширинаш мудом,
Мекунам таърифу таҳсинаш мудом.
Дӯстдори дӯстдориҳо шудаст,
Озманди ғамгусориҳо шудаст.
Дасту пои ӯ ба дасти молишам,
Ман барояш ромишу осоишам.
Як чиро сад бор мепурсад зи ман,
Соф кӯдаквор мепурсад зи ман.
Ҳамраҳи ӯ шишта суҳбат мекунам,
Аз буду бигзашта ғайбат мекунам
Илтифот аз ҳар мазоре хоҳад ӯ,
Аз ҳама мулло туморе хоҳад ӯ.
Хӯрда беаъдод фанди ҷӯгиён,
Боз меафтад ба банди ҷӯгиён.
Як нафас мондаст вақти монданаш,
Бар сари ман давру даврон ронданаш.
Як нафас мон, ҳар чӣ мехоҳад кунад,
Карда нороҳат маро, роҳат кунад.
Ростӣ ин зиндагиномаи модари ман ва модари ҳазорони дигар мебошад. Танҳо баъди аз мо дур шудан, бо ашки надомат мушт бар сар мезанем, ки чаро ба зинҳораш нарасидем. Ҳамин манзараҳои тасвири шоир заминӣ ва воқеӣ буда, симои ҳақиқии модарро пеши рӯ меорад. Ростӣ, ҳазорҳо достон ва манзумаҳоро дар манзалати модар хондаему сари ҳар сатр бо фиғон аз ташнагии дидораш ашки надомат рехтаем. Аммо ин шеъри шоир манзараҳоеро пеши рӯ меорад, ки аз суҳбати модари пир ҳеҷ наметавонӣ, ки канор бошӣ – суҳбатҳои ширину нозҳои тифлонааш, умедҳои тифлонааш, боварҳо ва содагиҳои тифлонааш ва ранҷҳои ширинаш (ҳарчанд ранҷ ширинӣ надорад), вале ин ранҷи саропо ширин насиби на ҳар бандаи дӯстдор гардида метавонад. Охир, бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Шоири саропо дарду ғами рӯзгор, ки тамоми умр дар русто зиндагӣ намудааст ва то вопасин нафас нони қалам хӯрдаву ранҷи эҷод кашидааст, рӯзгор ва зиндагии рустоиҳо барояш дардномаи миллат ва Меҳани азизаш гардидааст. Шеърҳои «Русто», «Омӯзгор», «Арӯс», «Падар», «Модари кампири ман», «Ҳасад», «Бекас», «Дӯзах», «Биҳиштӣ», «Сағира», «Илтиҷо», «Тарсу», «Мансаб», «Ниёиш», «Модари ман», «Шиква», «Камбағал», «Падарам», «Темур» ва «Ҳақталош» дардномаи дарунсӯзи шоир мебошанд, ки шарҳи ҳол ва рӯзгори худи шоир таҷассум гардидааст. Шоири дардошно аз воқеаву ҳаводиси рӯзгор лаҳзае дар осудагӣ назистааст. Беҳтарин даврони рӯзгораш замони донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе буданаш мебошад, ки дар аксари чаҳорпораҳои он манзараҳо тасвир ёфтааст. Пешааш омӯзгорӣ буда, бо муҳаббат аз мактабу шогирдонаш ёд мекунад. Муддате корманди Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти собиқ Кӯлоб ва Хатлон кор карда, аз соли 1991 то вопасин нафас нони ҳалоли қалам хӯрдааст. Сарсухани китоб, ки аз ҷониби шогирди воқеан содиқ, бо эҳтиром ва соҳиби эътибори баланди қаламкорон ва ҳунармандони кишвар Асадуллои Раҳмон нигошта шудааст, хонандаро водор месозад, ки бо муҳаббати зиёди инсонӣ рӯ ба ҳар ҳарфу ҳиҷои шоир биёрад.
Воқеан, шеъри Тӯлқин, ки саропо дард ва сӯзи рӯзгори шоир аст, хонандаро ором намегузорад. Ин дарди ошноӣ хосса хонандаи ҳушмандро вориди дунёи тазодҳои зиндагӣ намуда, касро водор месозад, ки лаҳзае ҳам бошад, ҳамнишинӣ ӯ бигардад.
Гуфтам ба фиғон: «Қаламкашо, ҳамкоро,
Дар номаам аз бахт гапе нест, чаро?».
Аз ғайб ба гӯши ман расид ин ово:
«Аъдост қаламкаш ба қаламкаш ёро».
Бале, шоир бе парда ва воқеъбинона он дардеро мегӯяд, ки бо чашми худ дидааст. Бухлу ҳасад миёни ёрони мувофиқ бештар аст, аз ёрони мунофиқ. Ва ин дард дар қаламрави сухан таърихи куҳан дошта, ҳазорон шоирони шинохта ва сарсупурда дучори ранҷу азоби гӯшношунид, бо дасти ёрони хеш гардидаанд. Онҳо бо чарбзабонӣ пушти ҳамдигар чоҳ мекананд. Озодандешӣ ва бепардагуфтанҳои Тӯлқин охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта ба гӯши аксари роҳбарони вақт намефорид. Пиндори ӯ, гуфтори ӯ ва рафтори ӯ ба баъзе аз ҳамқадамону ҳамқаламонаш қобили қабул набуд. Он худхоҳон ва берӯриёҳо пеши роҳбарони вақт ба хотири мақому мартаба ва мансабе сари садҳо Тӯлқинро хӯрда, соҳиби ҷоҳу ҷалол ва мақомҳо гардида, баъди чанде ки аз мансабҳо рафтанд, ба суроғи ӯ омада, ба ситоишаш мепардозанд. Ва сӯгнома навишта, аз марги нобаҳангомаш бо рӯсиёҳӣ афсӯс мехӯранд. Тӯлқин ҳамаи онҳоро то вопасин нафас мешинохт. Он ҳамқаламон ва ҳамқадамони дурӯғини шоир дар абёти чаҳорпораи шоир хеле хуб таҷассум ёфтаанд. Он ҳамаро ба хонанда ҳавола намудаем. Шоир рӯзи марги хешро дар зиндагиаш, дар шеъри саропо дард ва сӯзу сози «Арвоҳ», хеле ва хеле шоирона гуфтааст:
Рӯзи марги Хоҷа Тӯлқин рӯзи марги ӯ нахоҳад буд,
Марги ӯро додаанд аз рӯзи маргаш пештар
Муртазозоди замонро сар зи тан барканда буданд,
Хору зор андар мағоки Карбало афканда буданд.
Менамояд дар назарҳои Шумо,
Мебарояд аз қади роҳи гузарҳои Шумо
Хоҷа Тӯлқин нест,
Рӯҳи саргардони ӯст,
Рӯҳи саргардони берун аз мазористони ӯст.
Ин ҳама ҳақиқати талхест, ки шоир ба мо — пасовандон гузошта. Ва бо чашми хирад бархе аз он хасакону касаконеро, ки дар фоҷиаи Тӯлқини шоир, Тӯлқини муаллим, Тӯлқини нависанда, Тӯлқини рӯзноманигор, Тӯлқини башардӯст, Тӯлқини Ватанхоҳ саҳм гузоштаанд, мебинем. Ва бо дарду ҳасрат мегӯем:
Аз дида, ки рафт баъд афсӯс хӯрем,
Дар синаи хеш захми ҷонсӯз хӯрем.
Танҳо тирамоҳ ёди Наврӯз кунем,
Танҳо шаби тор мо ғами рӯз хӯрем.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА,
Рӯзномаи «Ҷумҳурият»
24.07.2018 №: 145
***
Шоири дардошно
Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (24 июли соли 2018) мақолаи Ҷумъахон Темурзодаро бо номи «Аз қаламроҳ то қадамҷо» мутолиа кардам ва таъсир ба рӯҳу равонам гузошт. Дар мақола сухан дар бораи андешаҳо перомуни китоби «Хоки баланд»-и шоир Тӯлқин Хоҷа меравад.
Ӯро ҳамчун як рӯзноманигори хеле соҳибзавқу эҷодкор мешинохтам. Аммо, он замон аз шеъри баланду волои ин марди ватанпарасти дарёдил бехабар монда будам. Баъди мутолиаи мақола ахбори зиёду аҷиб дастрас намудам. Ҳамзамон шоду мамнун низ гардидам, ки меҳнати ин эҷодкор баъд аз фавташ қадр гардидааст. Аниқтараш бо кӯшишҳо ва дастгириҳои шогирдаш Асадулло Раҳмон маҷмӯаи ашъори ӯ мураттаб шудаву ба табъ расидааст, ки шоёни ибрат ва таҳсин аст.
Тӯлқин Хоҷа дар воқеъ, муаллим, шоир, омӯзгор, рӯзноманигор ва шахсияти мондагорест, ки барои бисёре аз шоирону мутахассисони ҷавони мо намунаи ибрат мебошад. Шикастанафс, хоксору донишманд ва таҳаммулпазир буд ва далерону шуҷоатмандонро дӯст медошт.
Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба чунин шахсиятҳои арзишманд кори на ҳар кас аст. Аз ин рӯ, сипоси худро ба рӯзноманигори шинохта, арбоби давлатӣ Асадулло Раҳмон барои посдории хотираи як муаллими одӣ, як шоири сарсупурдаи миллат, як вассофи Ватанро мерасонам ва иброз менамоям, ки ҳар кӣ ба қадри нафаре расида тавонист, Худованд подоши ин муҳаббатро ба ӯ арзонӣ медорад.
Зиндаву ҷовид намудани номи як муаллиму шоири хирадманд ва дарки арзишҳои фарҳангии ӯ на ба ҳар кас муяссар мегардад.
Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби президенти
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Рӯзномаи «Ҷумҳурият», 14.08.2018 №: 160
***
Хоҷа Тӯлқин
Баъди ман омад ба дунё, пештар ҷоро гирифт,
Ин рафиқи бевафо чӣ навбати моро гирифт?
Дар ягон кунҷи хаёлаш фикри ин дунё набуд,
Баски бо шеъри равон дунёи дилҳоро гирифт.
Дар сари ҳар як хаси рӯи замин ҷанҷол буд,
Домани ишқу умеду шеъри шеворо гирифт.
Бо ягон номард сар хам карда дасти худ надод,
Дасти як бечораю мискину танҳоро гирифт.
Ҳеҷ як мӯҳтоҷӣ аз ноҷинсҳо асло надошт,
ӯ фақат дунболи яздони тавоноро гирифт.
Кор нояд дар қиёмат ришва дар рӯзи ҳисоб,
Мебарад чӣ аз ҷаҳон он кас, ки дунёро гирифт?
Аз ҷаҳон судаш набуд ҳар чанд дасту пой сӯхт,
Даст канд аз осмону аз замин поро гирифт.
Марги фарзандонаш ӯро пир карда бармаҳал,
Оқибат зад бар худи ӯ панҷаи зоғи аҷал.
Аз куҷо омад ба ӯ часпид дарди бедаво,
Аз гулӯяш чанг зад «харчанг» буд номи касал.
Бар касе ҳамчун сари як мӯй озораш набуд,
Мурдаҳо бар пешвозаш хестанд аз пушти тал.
Ҳамчу Пайғамбар набинанд умр шахсони асил,
Беаҷал бошанд дар дунё касони беамал.
Марг бо шахсони оқил ҳаст доим дар ситез,
Мебинад ӯ хотири шахсони ҳамчун худ дағал.
Дар дами субҳи баҳорон аз алам бо ёди дӯст
Ашк меомад зи чашмам менавиштам ин ғазал.
Дар ягон шоир набошад санъати зебои ӯ,
Мақсадашро пай барӣ аз дидаи гӯёи ӯ,
Менавозад ҷону дилро дар дами шодию ғам.
Шеваи боди саҳаргаҳ шеваи шевои ӯ.
Он қадарҳо мекашид аз зиндагӣ ранҷу азоб,
Худкушӣ мекард мебуд ҳар касе дар ҷои ӯ.
Мекашид оҳу фиғон аз каҷравиҳои ҷаҳон,
Чархи каҷрафторро буд аз куҷо парвои ӯ?
Рафт бе ман ҷӯраам аз тоқагӣ парво накард,
Оқибат аз даҳр ман ҳам меравам аз пои ӯ.
Тағойназар БАҚОЗОДА