ХОРУҒ: Амалиёти «Тартибот» дар давоми ду рӯз 82 ҳолати риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракати роҳро ошкор намуд

Август 28, 2018 11:13

ХОРУҒ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни баргузории санҷиши навбатӣ мавсум ба «Тартибот» дар давоми ду рӯз нақзи 82 адад қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи ронандагонро ошкор намуданд.

Котиби матбуотии Раёсати мазкур Далер Чоршанбиев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи доир кардани амалиёти «Тартибот», пеш аз ҳама,  коҳиш додани қоидавайронкуниҳо дар роҳҳои автомобилгарди шаҳри Хоруғ мебошад. Дар рафти  санҷиш 11 мошини сиёҳшишаи беиҷозатномаи махсус, бидуни рақами давлатӣ ё бо рақамҳои кишварҳои хориҷӣ боздошт шуданд.

Ҳамчунин дар давоми ду рӯз 7 мошини борбару мусофирбар  мавриди ташхиси ҳатмии техникӣ қарор дода шуда, панҷ нафар ронанда, ки суръати ҳаракаташон аз меъёр зиёд буд, боздошт гардида, нисбат ба онҳо протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар маҷмӯъ аз вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракати роҳ ба маблағи 20 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима ситонда шуда, ба буҷаи давлатӣ ирсол гардид.

Ба гуфтаи Далер Чоршанбиев, мақсади  дигари амалиёти «Тартибот» ба ронандагони ҷавон шарҳу тавзеҳ додани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, интизом ва одоби ронандагӣ аст. Зеро ҳанӯз ҳам баъзе аз ронандагон ҳангоми ҳаракат бо телефони мобилӣ суҳбат карда, ба гирду атрофашон чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Бо ин кирдорашон онҳо на танҳо ҷони худро дар хатар мегузоранд, балки барои мусофирону пиёдагардҳо низ мушкилӣ эҷод мекунанд.

Баъзе аз ронандагони ҷавон ба ҷои ба гуноҳи худ иқрор шудану онро ислоҳ кардан, кормандони бозрасии давлатии автомобилиро зери фишору таҳдид қарор дода, бо ҳамин роҳ мехоҳанд худро сафед кунанд. Ба чунин ронандагони ҷавон  фаҳмонида шуд, ки ин роҳи ҳалли масъала нест ва мақсади нозирони роҳ ҳам ҷазо ё ҷарима бастани ронандагон нест. Баръакс, онҳо мехоҳанд, ки дар роҳҳои автомобилгарди кишвар мудом қоидаи ҳаракати роҳ риоя гардаду касе аз ронандагон  ва ё шаҳрвандон  осеб набинад.

Август 28, 2018 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд