ХУШ ОМАДЕД БА ТОҶИКИСТОНИ ОФТОБӢ! Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рӯзноманигорони агентиҳои иттилооти пешсафи ИДМ пресс-тур мегузаронанд

Август 6, 2018 15:50

ДУШАНБЕ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Масоили такмили сохтори институтсионалии идоракунии соҳаи сайёҳии кишварҳои иштирокдори ИДМ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ин соҳа, пешбурди маҳсулоти миллии сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ дар ҷаласаи Шӯрои сайёҳии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 10-11 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ хоҳад шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳлиқо Шарифова хабар дод, чорабинии мазкур бо ҳисоботи намояндаи Тоҷикистон дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар  мамлакат оғоз меёбад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, иштирокдорони ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020-ро оид ба татбиқи Стратегияи рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сайёҳӣ барои давраи то соли 2020 баррасӣ менамоянд, ки татбиқи он, аз ҷумла, ба зиёд шудани шумораи сайёҳон аз кишварҳои Иттиҳод ва афзоиши ҳаҷми содироти хизматрасониҳои сайёҳӣ, ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ аз ҳисоби таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳа, инчунин ба афзудани теъдоди меҳмонхонаҳо, дигар воситаҳои будубош ва субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ мусоидат мекунад. Аъзои Шӯро ҳамчунин дар бораи муҳимтарин ва ҷаззобтарин чорабиниҳои дар кишварҳояшон дар соли 2018 баргузоргардида ва банақшагирифташуда маълумот медиҳанд.

Дар ҷаласа тасдиқи ҳайат ва тартиби ташкили фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Стратегияи ба ҳамин монанд барои солҳои 2021-2030 дар назар буда, масъалаи такмили ташкили сайёҳии кӯдакон ва ҷавонон, ки дар кишварҳои ИДМ ҷузъи низоми давлатии дастгирии истироҳат ва шуғли кӯдакон ҳангоми таътил, дар давраи фаъолияти берун аз дарсӣ ва татбиқи барномаи иловагии таълимӣ мебошад, баррасӣ хоҳад шуд. Аъзои Шӯро доир ба усулҳои пешрафтаи ҷалби кӯдакон ва ҷавонон ба фаъолияти сайёҳӣ, ки дар кишварҳояшон истифода мешаванд, табодули иттилоот мекунанд.

Илова бар ин, иштирокдорон инчунин доир ба ташкили кори экскурсионӣ, омода намудани роҳбаладҳо (экскурсоводҳо) ва назорати кори онҳо табодули таҷриба намуда, шакл ва механизми ташкили баҳисобгирии омории сайёҳии дохилӣ, чораҳои ҷоннокгардонии мавҷҳои сайёҳӣ дар бозори дохилии кишварҳои ИДМ, муттаҳидии талошҳо дар самти таъсиси муштараки маҳсулоти сайёҳӣ ва пешбурди он дар бозори ҷаҳониро муҳокима менамоянд.

Дар ҷаласа ҳамчунин Раиси Шӯро интихоб гардида, вақт ва макони баргузории ҷаласаи навбатӣ мувофиқа хоҳад шуд.

Бояд зикр кард, ки 11-12 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Турсунзода, Норак ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. Дар он иштироки намояндагони агентиҳои иттилоотии давлатӣ ба монанди ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» ва ғайраҳо дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки оид ба гузаронидани пресс-тур дар ҷаласаи 21-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ, ки 15-16 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қарор дода шуда буд. Он вақт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро, Директори генералии ТАСС (Россия) Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро ба ҳузур пазируфта буданд.

Пресс-тур барои рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии пешсафи ИДМ дар доираи чорабинии бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар соли 2018 бахшида шудааст.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии иттилоотии ТАСС (Россия) Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои иштирокдори ИДМ (15-16 марти соли 2016) ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Август 6, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи Президент дар Душанбе хатсайри сайёҳӣ ташкил карда шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2025 зиёда аз 90 ҳазор нафар сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар Суғд шумораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ афзоиш ёфта, инфрасохтори соҳа тақвият меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «World Travel Market – 2025» муаррифӣ мегарданд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
ШАРШАРАҲОИ ЗЕБОИ БАЛҶУВОН. Табиати нотакрори ин минтақаро беш аз 45 ҳазор сайёҳон тамошо карданд
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Саммити байналмилалии табодули академӣ иштирок намуданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Имсол ба вилояти Хатлон беш аз 900 ҳазор сайёҳ ташриф овардааст