Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

Февраль 28, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Машҳад чорабинии муштараки Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ва ширкати сайёҳии «Ҳумо сафар» бахшида ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, дар он масъулини устони Хуросони Разавӣ, раисони идораҳои мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии устонҳои Хуросони Разавӣ ва Хуросони Шимолӣ, раиси Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Эрон ва мудирони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ  намояндагони Сафорати Тоҷикистон вобаста ба иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва имконоту тавонмандиҳои сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ маълумот дода, ба зарурати густариши бештари ҳамкорӣ ва табодули таҷриба байни  мутахассисони ду мамлакат, инчунин ташкили хатсайрҳои сайёҳии муштарак таъкид карданд.

Дар доираи чорабинӣ наворҳои инъикоскунандаи зебоиҳову ҷозибаҳои сайёҳӣ ва таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Сипас маводҳо доир ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба иштироккунандагони чорабинӣ  тақдим гардид.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон

Февраль 28, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд