Изҳороти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба куштори сайёҳони хориҷӣ

Август 1, 2018 11:30

ДУШАНБЕ, 01.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар иртибот ба куштори даҳшатноки сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби ҷинояткорон изҳорот пахш намуд. Дар он гуфта мешавад:

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон амали ваҳшиёна ва террористии гурӯҳи муташаккили ҷинояткорро, ки ба марги 4 нафар сайёҳи хориҷӣ боис гашт, қотеъона маҳкум карда, зимнан ба наздикону пайвандони сайёҳон изҳори ҳамдардӣ менамояд.

Тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор, ки дар навбати аввал ба садама шабоҳат дорад, аз тарафи як гурӯҳи калони ҷавонони тундрав ва ифротӣ ба хотири халалдор кардани амнияту суботи Тоҷикистон махсус ва барқасдонатарҳрезӣ шудааст.

Тоҷикон дар ҳама давру замонҳо дар осоишу оромиш ва бо ҳамсояҳо дар ҳусни ҳамҷавории неку мусолиматомез зиндагӣ карда, ҳамеша аз сулҳу субот ва оромиву осоиш пуштибонӣ намудаанд, ки ин асл яке аз маромномаҳои асосии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар кишвари мо осмони софу беғубор ва кабӯтарони сафеди сулҳ паруболафшонӣ мекунанд.

Вале ин зархаридони хориҷӣ бо содир кардани  нангинтарин амал –куштори одам мехостанд ба оромиву амнияти саросарии мамлакати мо халал ворид намоянд ва ҳадафҳои нопоку ғаразолуди худро дар  Тоҷикистон амалӣ созанд. Хусусан, ки имсол Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст, Ватани моро ҳамчун кишвари ноамну бесубот нишон диҳанд.

Албатта, тирашон хок хӯрд. Зеро мардуми шарифи тоҷик меваи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро чашидааст ва дигар намехоҳад осудагиву амонии кишварашро аз даст диҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз мардуми огоҳу бедордил, адибону зиёиён, фаъолону собиқадорон ва пирони рӯзгордида даъват ба амал меорад, ки ҳама гуна амалҳои иғвогаронаи душманони миллатро маҳкум намуда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошанд. Зеро иттиҳод рамзи ягонагӣ ва пирӯзии миллат аст.

Август 1, 2018 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон