КИШТИ КАРТОШКА ДАР БАЛАНДИИ 3730 МЕТР АЗ САТҲИ БАҲР! Ин воқеият аст ё орзуи олимони Пажӯҳишгоҳи биологии “Помир”?
ХОРУҒ, 16.08.2018. (АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти билогии «Помир» бори аввал дар деҳаи баландкӯҳи Булункӯли ноҳияи Мурғоб 5 навъи картошка ва чанд намуди ҷавро кишт карданд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файз МИРАСАН гузориш медиҳад.
Деҳаи Булункӯл садҳо гектар замини тахту ҳамвор дорад, аммо ба сабаби аз сатҳи баҳр баланд будан ва иқлими сард доштан сокинони маҳалӣ аз кишти зироату сабзавот ва шинондани дарахтон худдорӣ мекунанд.
Директори Институти биологии «Помир», доктори илмҳои биологӣ Довутшо Наврӯзшоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки «олимони мо баҳори соли равон бори аввал дар ним гектар замин 5 намуди картошкаро ба таври таҷрибавӣ кишт карданд. Нашъу намои як намуди картошка бо номи «Пикасо» хеле хуб аст ва пас аз як моҳ умедворем, ки ҳосили дилхоҳро ба даст меоварем. Ҳосили ин навъи картошкаро барои кишти соли оянда захира мекунем. Пас аз ду ё се сол тухмии навъи «Пикасо» ба иқлими деҳаи Булункӯл комилан мутобиқ хоҳад шуд».
Ба нақли номбурда, сокинони ин деҳа аслан ба соҳаи чорвопарварӣ машғуланд, аммо ба иллати танқисии хӯроки чорво имкон надоранд, ки ин соҳаро рушд диҳанд. Ба ин мақсад дар як қитъаи дигари таҷрибавӣ олимон чанд навъи ҷав ба монанди «Вахш 128» , «Вахш 116»- ро кишт карданд. Агар олимон дар таҷрибаи худ муваффақ шаванд, дар ояндаи наздик садҳо гектар замини ин деҳа ба киштзорон табдил хоҳад гашт.

Водии Булункӯл яке аз минтақаҳои сардтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба гуфтаи сардори Маркази обу ҳавошиносии водии Булункӯл Шароф Шарофов, дар давоми фаъолияти кориаш солҳоеро дар хотир дорад, ки сардии ҳаво то ба 65 дараҷаи селсий мерасид. Сокинони маҳалӣ, ки теъдодашон 200 нафар аст, бо ҳавои сарди ин ҷо, ки ҳамасола аз 35 дараҷа убур мекунад, одат кардаанд.
Ба неруи барқ танҳо соли 2010, пас аз сафари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мурғоб дастрасӣ пайдо карданд. Дар ҳамин сол ҳамаи 32 хонаводаи деҳаи Булункӯл бо батарейкаҳои офтобӣ таъмин гардиданд. Акнун на танҳо хонаашон равшан шуд, балки аз тамошои шабакаҳои телевизионии кишвар низ бархӯрдор гардиданд.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






