НАХУСТИН БЕМОРХОНАИ ХУСУСӢ ДАР ХОРУҒ! Дар баробару ташхису табобат дар он доруҳои гуногун аз гиёҳҳои шифобахш низ истеҳсол мекунанд

Август 29, 2018 14:54

ХОРУҒ, 29.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ Маркази хадамоти тиббии хусусӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Ин нахустин маркази хусусии тиббӣ  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, аз 6 ошёна, 11 ҳуҷра барои табобати беморон, 8 утоқ барои ташхиси тиббӣ ва истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш, маҷлисгоҳу таълимгоҳ иборат аст.

Соҳибкори маҳаллӣ Шафоат Ватаншоева, ки  бунёди ин беморхонаро бар ӯҳда дорад, дар суҳбат бо хабарнигори минтақавии «Ховар» изҳор намуд, ки «чанд соли охир Пешвои миллат ба рушди соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Соҳибкороне, ки ба тавлиди корхонаи истеҳсолӣ машғул мешаванд, ҳангоми интиқоли таҳҷизоти техникӣ аз имтиёзҳои хуб бархӯрдор мегарданд».

Шафоат Ватаншоева гуфт, ки дар бунёди ин беморхона ба ӯ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят кумаки беандоза расонданд. Сари вақт барояш қитъаи замин ҷудо карда, ҳуҷҷатҳои заруриро низ дар муҳлати кӯтоҳ таҳия намуданд.

Маркази хизматрасонии тиббӣ дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, занона, бемориҳои дарунӣ, гӯш, бинӣ, гулӯ буда, тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Ба гуфтаи Шафоат Ватаншоева, мутахассисони марказ ба интихоб ва интиқоли таҷҳизоти тиббӣ барои ташхисгоҳ аҳамияти хос доданд. Зеро бидуни ташхиси дақиқ табобати комил ғайриимкон аст.

«Аксари дастгоҳҳое, ки  дар ташхисгоҳ васл карда шуданд, назирашон дар ягон муассисаи тандурустии вилоят вуҷуд надорад. Аз ин рӯ он бемороне, ки барои ташхис ва муайян кардани беморӣ ба шаҳри Душанбе сафар менамуданд, акнун бидуни хароҷоти иловагӣ  аз ташхис гузашта, дар худи марказ ба табобат фаро гирифта мешаванд»,-зикр кард ӯ.

 

 

Август 29, 2018 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо