ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 18.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳатӣ дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ муътадил боқӣ монда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3+8 ва рӯзона +15+20 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +15 +20 ва рӯзона +31+36 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шабона +16+18 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






