Пешвои миллат: «Ман дар сиёсати иҷтимоии худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам»

Август 31, 2018 14:54

ДУШАНБЕ, 31.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо аҳли ҷомеа пайваста таъкид менамоянд, ки «ман дар сиёсатии ҷтимоии  худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». АМИТ «Ховар» чанд иқтибосро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  зимни ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳри Душанбе баён гардидаанд, пешниҳоди хонандагони сомона мегардонад.

 «Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои охир бунёду навсозии муассисаҳои таълимии дорои шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникиро вусъат бахшида истодааст.

Зеро баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, ба навовариву ихтироъкорӣ, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзӣ ҳидоят намудани хонандагон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани насли имрӯзу ояндаи миллат вазифаи аввалиндараҷаи давлат, Ҳукумати мамлакат ва аҳли маориф ба ҳисоб меравад».

(Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 28.08.2018).

***

«Ба шумо, хонандагони азиз, таъкид менамоям, ки ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат, заҳмати устодон ва падару модарони худ расед, давраи таҳсилро самаранок истифода баред, илму дониш омӯзед ва соҳиби касбу ихтисосҳои муосир гардед, то ки дар оянда ба давлати соҳибистиқлоли худ, ҷомеа ва падару модари хеш хизмати шоиста карда тавонед».

(Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 28.08.2018).

***

«Бо афзоиш ёфтани аҳолии шаҳри Душанбе шумораи хонандагону донишҷӯён низ сол ба сол зиёд мегардад. Имрӯз дар пойтахти кишвар 318 муассисаи таълимӣ 357 ҳазор нафар хонандагону донишҷӯёнро ба раванди таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, 126 муассисаи томактабӣ бо фарогирии қариб 28 ҳазор нафар кӯдак, 144 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 190 ҳазор нафар хонанда, 11 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беш аз 6 ҳазор нафар, 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 17 600 нафар ва 24 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии қариб 115 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият менамояд.

Дар шароити имрӯза талабот ба ҷойи нишасти хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар як баст беш аз 73 ҳазорро ташкил медиҳад, ки чунин вазъ мунтазам бунёд кардани инфрасохтори иловагӣ, яъне мактабу синфхонаҳои навро тақозо менамояд.

Моҳи феврали соли 2017 ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳр дастур дода будам, ки дар муддати се сол, яъне то соли 2020 дар шаҳри Душанбе 25 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе  8 муассисаи нави таълимӣ бо 13 720 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, дар ин муддат корҳои лоиҳакашиву сохтмони боз 8 муассисаи таълимӣ барои 13 688 нафар хонанда оғоз гардиданд.

Ҳоло аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохтмони 3 муассисаи таълимӣ барои 2 080 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 24 миллион сомонӣ ва аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар корҳои лоиҳакашиву сохтмони 5 муассиса барои 11 608 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 125 миллион сомонӣ идома дорад.

Илова бар ин, соли 2019 Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар шаҳри Душанбе сохтмони боз се мактаби дигарро барои 3600 нафар хонанда оғоз мекунад».

(Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 14.08.2018).

***

«Хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе бояд ифтихор дошта бошанд, ки дар муассисаҳои таълимии пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Мо барои таълиму тарбияи онҳо беҳтарин шароитро фароҳам овардаем. Шогирдони мактабҳои пойтахт бояд дар таҳсил ва одобу рафтор намунаи ибрат бошанд.

Омӯзгорону устодон ва падару модарон ба онҳо бояд ин нуктаҳоро дуруст фаҳмонанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида тарбия кунанд».

(Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 14.08.2018).

***

«Ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳоро ба рушди соҳа равона карда истодааст.Чанде пештар дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумат бори дигар таъкид кардам, ки мо бояд бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо сатҳи маърифату дониши наврасонро баланд бардорем. Зеро рушди ояндаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат аз кадрҳои соҳибмаърифату донишманд вобаста мебошад ва дар амалӣ намудани ин ҳадафи нек бояд, пеш аз ҳама, омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф нақши муассир дошта бошанд.

Тавре дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардид, дар натиҷаи роҳандозӣ намудани як силсила ислоҳоту иқдомоти ҷиддӣ соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи чор нишондиҳанда — дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлат ҷойи 54-ум ва дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ба воя расонидани кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос, дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ва омода кардани нерӯи нави бунёдкор танҳо дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маорифро 2,3 баробар зиёд карда, аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маорифро боз 15 фоиз баланд мебардорад».

          (Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо омӯзгорон ва кормандони масъули соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, 14.02.2018).

***

«Фақат соли 2017 дар ҳудуди кишвар ба маблағи умумии беш аз 430 миллион сомонӣ 130 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 31 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Тавре мо мушоҳида кардем, дар муассисаи таълимии имрӯза тамоми шароити муосири зарурӣ барои хонандагон ва омӯзгорон муҳайё карда шудааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба лоиҳакашону меъморон, сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди чунин бинои зебои замонавӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Ба шумо, фарзандони азиз – шогирдони ин муассисаи таълимӣ насиҳати ман ин аст, ки аз шароити бароятон муҳайёгардида истифода карда, хуб хонед, илму дониш омӯзед, боодоб бошед ва ифтихор кунед, ки сокини пойтахти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳастед. Ва фаромӯш накунед, ки тақдири ояндаи давлати озоду соҳибихтиёрамон дар дасти шумо хоҳад буд».

(Аз суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва мулоқот бо омӯзгорон ва кормандони масъули соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, 14.02.2018).

 ***

«Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем».

(Аз Паёми Президенти ЧТ ба Маҷлиси Олӣ, 22.12.2017).

***

«Шарикии зиёиёни мамлакатро дар татбиқи чунин вазифаҳо муҳим мешуморем:

ислоҳоти бомароми маориф, беҳтар кардани сифати таълим, баланд бардоштани масъулияти устод-муаллим-омӯзгор. Зеро калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».

         (Аз суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат,19.03.2015).   

  Таҳияи
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 31, 2018 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон