РӮЗИ АНГИШТКАНОН МУБОРАК! Истихроҷи ангишт то 1 млн. 900 ҳазор тонна расонида мешавад, ки дар таърихи ҷумҳурӣ натиҷаи баландтарин ба ҳисоб меравад
ДУШАНБЕ, 26.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо дарназардошти афзун гардидани талабот ба ангишт соли равон истихроҷи ангишт то 1 млн. 900 ҳазор тонна расонида мешавад. Ин меъёр назар ба соли 1991 шаш маротиба зиёд мебошад, ки нишондиҳандаи мазкур дар таърихи ҷумҳурӣ натиҷаи баландтарин ба ҳисоб меравад. Ин матлабро сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Абдураҳимзода дар арафаи Иди касбии кормандони соҳаи ангишт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.
Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии кормандони соҳаи ангишт ҷашн гирифта мешавад, ки соли равон ин сана ба 26 август рост омадааст. Бояд зикр намуд, ки айни замон соҳаи ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳиму назаррас мегузорад. Тайи солҳои охир кормандони соҳаи саноати ангишт барои баромадани кишвар аз буҳрони энергетикӣ, бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатие, ки аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт гузаронида шудаанд, корҳои зиёдро ба анҷом расонданд.
Сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Абдураҳимзода зикр кард, ки дар тӯли 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои соҳа дар як муҳлати нисбатан кӯтоҳ истихроҷи ангиштро аз 313 ҳазор ба беш аз 1 млн. 760 ҳазор тонна расонда, ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва аз ҳама муҳим, ба кам кардани вобастагии Тоҷикистон аз маводи сӯхт (гази табиӣ)-и воридотӣ мусоидат намуданд.
Ба гуфтаи номбурда, саҳми соҳаи ангишт дар рушди иқтисоди миллӣ хеле калон аст. «Бо истифода аз ангишт вобастагии кишвар аз воридоти семент (соли 2013 1 млн. 79 ҳазор тонна ба маблағи 105 млн. доллари ИМА) аз байн рафта, содироти он (соли 2017 1 млн. 22 ҳазор тонна) ба роҳ монда шуд. Ғайр аз ин, нархи семент низ аз 1400-1500 сомонӣ то 720 сомонӣ коҳиш ёфт».
Тибқи омори расмӣ, танҳо дар Ширкати алюминии тоҷик («Талко») аз соли 2013 то 2018 зиёда аз 1,5 млрд. м3 гази синтезӣ (эквивалент ба гази табиӣ 1 ба 5,7) истеҳсол кардааст, ки барои сарфаи тақрибан 400 млн. сомонӣ аз ҳисоби нахаридани гази табиӣ мусоидат намуд.
Мавриди зикр аст, ки 26 марти соли равон дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар барои татбиқи саривақтӣ ва гузаронидани чорабиниҳо «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Бояд қайд кард, ки соли сипаригардида баъди ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва пайваст кардани шабакаҳои гармӣ ба манзилҳои истиқоматӣ аз рӯи сарфаи неруи барқ дар мамлакат маҳдудияти интиқоли он пурра бардошта шуд, ки дар он саҳми корхонаҳои соҳаи ангишт хеле назаррас мебошад. Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва дегхонаҳо аз соли 2013 то имрӯз бо истифода аз ангишт зиёда аз 2,7 млрд кВт соат қувваи барқ ва 1,7 млрд. Гкал қувваи гармӣ истеҳсол намуданд, ки ба иқтисодиёти кишвар ва бардоштани маҳдудияти интиқоли неруи барқ нақши муҳим бозидааст.
Аз соли 2001 давлат ба ин соҳа бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ соҳа рӯ ба рушд ниҳодааст. То соли 2001 ҳамагӣ 2 корхона фаъолият мекард, ки айни замон бошад, шумораи онҳо 12 ададро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ таи даҳ соли охир дар соҳа 50 млн. доллари ИМА- ро ташкил дод, ки ин натиҷаи назаррас аст.
«Мавҷудияти захираҳо ва навъҳои гуногуни ангишт барои зиёд намудани ҳаҷми истихроҷу коркарди саноатии он ва истеҳсоли маводи сӯзишворӣ, кимиёвӣ ва технологӣ, инчунин содироти он имконият медиҳад. Истифодаи самараноки ангишт ва дар асоси он рушди соҳаи энергетика, саноати химия ва металлургияи ранга метавонад манбаи асосии ноилшавӣ ба ҳадафҳои иқтисодии кишвар дар самти афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилӣ гардад»,-зикр намуд Баҳриддин Абдураҳимзода.
Содироти ангишт мувофиқи маълумотҳои фаврӣ, 27 ҳазор тонна ба маблағи 6 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 24,8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Мувофиқи маълумоти расмии Хадамоти гумрук, воридоти ангишт то 30 июни соли равон 1087,0 тонна ба маблағи 1,5 млн. сомониро ташкил дод.
Афзоиши талаботи хоҷагии халқ бодарназардошти сохтмонҳои неругоҳҳои барқию гармидиҳӣ, корхонаҳои сементбарорӣ, инчунин содироти ангишт ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда, тақозои ҷалби сармоягузории мустақим ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнокро барои муҷаҳҳаз гардонидани соҳа бо техникаи нав ва сохтмони шахтаҳои ба назар гирифташуда, талаб менамояд.
Мувофиқи омори расмӣ, то имрӯз 230 корхонаи саноатӣ ва энергетикӣ ангиштро ҳамчун сӯзишвории алтернативии технологии ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд, ки ин тадбир вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ коҳиш додааст. Ба андешаи Баҳриддин Абдураҳимзода, ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати дастгирии ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати фидокоронаву шабонарӯзии кормандони соҳа ба даст омадааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбат, яке аз ҳадафҳои асосии рушди соҳа- ин заминагузории таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо ангишт тариқи такмили тарзи кушоди истихроҷ чун усули самарабахши иқтисодӣ ва заминагузорӣ барои коркарди зеризаминии конҳо мебошад. Ба ин восита ба коркарди комплексии конҳо диққати махсус дода шуда, ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба ин мақсад зарур дониста мешавад.
«Дар шароити рақобати имрўзаи иқтисодӣ корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бояд барои ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани маҳсулоти баландсифат бо истифодаи дастовардҳои илмию техникӣ, технологияҳои муосири каммасрафи истихроҷ, азхудкунии маҷмўи ашёи хом ва коркарди бепартов тадбирҳои мушаххас андешанд, инчунин аз меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, усулҳои муосири маркетинг ва инкишофи истеҳсолот васеъ истифода баранд»,-мегӯяд Баҳриддин Абдураҳимзода .
Сардори Раёсати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нав изҳор медорад, ки соли равон низ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳа тамоили афзун намудани истеҳсолро идома бахшида, мақсад доранд талаботи тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро бо ангишт сари вақт таъмин намоянд.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кишвар аз аввали сол то 24 августи соли равон истихроҷи ангишт ба 988 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 67 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҳаҷми умумии ангишти истихроҷгардида ба Корхонаи фардии «Шахтаи Фон-Яғноб»-529,6 ҳазор тонна (ё 53,7 % ангишти дар ҷумҳурӣ истихроҷгардида), Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Корхонаи металлургии Тоҷик»- 199,4 ҳазор тонна (ё 20,1%), ҶДММ «Талко- Ресурс» – 135,6 ҳазор тонна (ё 13,8 %) ва ба КФ «Зиддӣ» 44,8 ҳазор тонна (ё 4,6 %) рост меояд.
Бо дарназардошти афзун гардидани талабот ба ангишт соли равон истихроҷи ангишт то 1 млн. 900 ҳазор тонна расонида мешавад, ки назар ба соли 1991 шаш маротиба зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар таърихи ҷумҳурӣ натиҷаи баландтарин ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки захираи ангишт то 24 август дар анборҳои корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида зиёда аз 223 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бо назардошти мавҷудияти захираи ангишт дар анборҳои корхонаҳои соҳа, корхонаҳои саноатию энергетикӣ, аҳолӣ ва муассисаҳои буҷетӣ метавонанд ангиштро харидорӣ ва захира намоянд.
Имрӯзҳо кормандони соҳаи саноати истихроҷи ангишт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то бо меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот бо нишондиҳандаҳои назаррас Иди касбии худро ҷашн гиранд. Мо низ аз фурсат истифода бурда, кормандони ин соҳа- ангиштканони ҷумҳуриро бо Иди касбиашон табрик намуда, дар ин пешаи мушкил ва дар айни ҳол муҳими соҳаи саноат комёбиҳои назаррасро таманно дорем!
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»