Роҳбалад бояд дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ маълумот дошта бошад
ДУШАНБЕ, 10.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладоне, ки аз як давлат ба давлати дигар сайёҳонро ҳамроҳӣ менамоянд, бояд маълумоти мухтасар дар бораи мавзеъҳои сайёҳӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ пешниҳод карда шавад. Ин нуктаро имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷонишини раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Оққулов зимни ифтитоҳи ҷаласаи навбатии Шӯрои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба сайёҳӣ иброз намуд.
Ба андешаи А. Оққулов, «агар ширкати сайёҳӣ ё роҳбалад дар бораи давлат, ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ маълумот дошта бошад, муаррифии он давлат осон мешавад».
Дар ҷаласа ҳамчунин Директори Департаменти рушди сайёҳии Вазорати варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Беларус Андрей Молчан пешниҳод намуд, ки байни кишварҳои аъзои Шӯро барои омода намудани роҳбаладони ҳирфаӣ табодули таҷриба сурат гирад.
Ӯ зикр кард, ки таҷрибаи давлатҳо дар самти омода намудани роҳбаладон омӯхта шавад ва ҷиҳатҳои мусбии кори онҳо дар кишварҳои дигари аъзо истифода гардад.
Бори аввал дар Душанбе доир гардидани ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ дар Соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рамзӣ буда, он дар тавсеаи ҳамкории кишварҳои Иттиҳод дар самти рушди сайёҳӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои ИДМ оид ба сайёҳӣ рӯзҳои 10-11 августи соли равон бо ташаббуси Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сайру сайёҳат — пресс-тур ба маконҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва Турсунзода дар назар аст.
Дар он иштироки намояндагон-хабарнигорони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, ИТАР-ТАСС, АБИ «КАЗИНФОРМ», АМИҚ «Кабар», АМИӮ «УзА» пешбинӣ шудааст.













Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






