Сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии «Рӯшон» соҳиби шаҳраки замонавӣ мегарданд
ХОРУҒ, 06.08.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадии «Рӯшон» мутааллиқ ба қисми ҳарбии комендатураи сарҳадии ноҳияи Рӯшон ба шаҳраки нави замонавӣ мекӯчанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, шаҳраки мазкур тибқи талаботи меъёрҳои муосири меъморӣ бунёд гардида, дар он барои сарбозону афсарон тамоми шароити хизмативу маишӣ фароҳам оварда шудааст. Шаҳраки муосири марзбонон аз хобгоҳ, ошхона, ҳаммом, китобхона, толори хониш ва тамрингоҳ иборат буда, дар саҳни он дарахтони мевадору сояафкан шинонда мешаванд.
Сарбозону афсарони дидбонгоҳи мазкур ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон барои зоҳир намудани тавваҷҷӯҳи беандоза ба ҳаёти марзбонон, аз ҷумла, бунёди чунин шаҳраки замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Тавре сарбозони қаторӣ Суҳроб Комилов иброз дошт, «Таъмин шароити хуби хизматӣ масъулияти мо, марзбононро боз ҳам афзун намуда, шабу рӯз кӯшиш мекунем, ки сарҳадро мисли гавҳараки чашм муҳофизат намоем, то қадами номубораки ягон душман ба он наздик нашавад».











Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






