СУҒД: то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ теъдоди оилаи занбӯри асал ба 100 ҳазор мерасад
ХУҶАНД, 27.08.2018. /АМИТ«Ховар»/. Яке аз соҳаҳое, ки солҳои соҳибистиқлолии кишвар марҳила ба марҳида рӯ ба рушд ниҳодааст, ин соҳаи занбӯрпарварӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри пешбурди ин соҳа барномаи махсус қабул гардида, барои фаъолияти занбӯрпарварон тамоми имконот фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, имрӯзҳо дар вилояти Суғд Ассотсиатсияи занбӯри асалпарварон таъсис дода шуда, зиёда аз 180 нафар занбӯрпарваронро муттаҳид месозад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Ассотсиатсияи мазкур иттилоъ доданд, ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар вилояти Суғд 52,3 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, давоми сол аз ҳар оила ба ҳисоби миёна то ба 26 кг асал истеҳсол карда мешавад. Дар умум давоми соли 2017 дар вилоят 1360 тонна асал истеҳсол гардидааст.
Ҳамзамон баҳри ҳарчи бештари рушди соҳа, зиёд намудани шумораи оилаи занбӯр ва афзун намудани ҳаҷми содиротии ин маҳсулоти шифобахш занбӯрпарварони Суғд азм гирифтанд, ки дар давоми се соли оянда шумораи оилаи занбӯри асалро аз 52 ҳазори кунунӣ то ба 100 ҳазор расонанд.

Дар мулоқоте, ки дирӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кормандони соҳаи занбӯри асалпарварӣ доир гардид, раиси вилояти Суғд Раҷабой Аҳмадзода таъкид намуд, ки таҳлили воқеии ҳолати кунунӣ, беҳсозии сифати банду басти асали содиротӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик, инчунин ҷалби занбӯрпарварон ба бизнес-форум, ярмарка – намоишгоҳҳо ва таъсиси мағозаи фурӯши лавозимоти занбӯрпарварӣ метавонад боиси рушди дучанди ин соҳа гардад.
Ҳамчунин пешниҳоди занбӯрпарварони вилоят ҷиҳати рушди бештари соҳа, афзуннамоии оилаи занбӯр ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли асал доир ба таъсис додани хоҷагии зоотпарварии занбӯр ва харидорӣ намудани дастгоҳи раскристализатор, яъне тозакунандаи асал муҳим арзёбӣ гардид.








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






