«ТИҶОРАТ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАҲ БАРОБАР АФЗУД». Дар ин бора Ғуломҷон Бобозода зимни ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд иттилоъ дод

Август 3, 2018 13:29

ДУШАНБЕ, 03.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар муносибатҳо бо Ӯзбекистон «дурнамои бузург» мебинад.  Ин нукта зимни ҷаласаи клуби матбуотии байналмилалӣ дар Тошканд, ки бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид, зикр шуд. Дар ин бора мухбири махсуси АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА аз пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Зимни ҷаласаи мазкур иштирокдорон рушди муносибатҳо, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байнидавлатиро баррасӣ карда, ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

«Ӯзбекистон барои Тоҷикистон шарики тиҷорати бузургтарин буд. Аммо як муддат байни ин ду давлат тиҷорат қариб, ки ба сифр баробар гардид. Агар ду ё се сол пеш гардиши мол миёни ҳарду давлат  ҳамагӣ 12 миллионро ташкил медод, вале он дар соли 2017 ба 126 миллион ва дар нимсолаи аввали соли 2018 ба 128 миллион расид. Яъне тиҷорат даҳ баробар афзуд», — зикр намуд сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода.

Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2018, 1,4 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз кишварҳои якдигар дидан намудаанд.

«Тақрибан 700 ҳазор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ва тақрибан ҳамин қадари дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ӯзбекистон дидан кардаанд», — афзуд Ғ. Бобозода.

Раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Лутфия Раҷабова изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои дурнамои бузург мебошанд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷонибҳо метавонад дар соҳаҳои фарҳанг, мудофиа ва захираҳои обу энергетика ҳамкории дурнамодорро ба роҳ монанд.

Ёдрас мешавем, ки Лутфия Раҷабова доктори илмҳои физика ва математика буда, дар як зумра симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ба монанди конфронси байналмилалии «ISAAC» дар Британияи Кабир (соли 2009) ва Полша (соли 2013), симпозиуми ҷаҳонии «GF» дар Франсия (соли 2011), анҷуманҳои ҷаҳонии риёзишиносон дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2014) ва дар Россия (солҳио 2007 ва 2011) маърӯзаҳо кардааст.

«Мехостам соҳаи илмро алоҳида зикр намоям. Пештар мо бо Ӯзбекистон дар ин самт ҳамкории наздик доштем. Аз ҷумла, ман борҳо дар конфронсҳо дар Тошканд иштирок кардаам. Вале, мутаассифона, солҳои охир мо дар чунин конфронсҳо иштирок намекардем», — гуфт Лутфия Раҷабова ва афзуд, ки имрӯз миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар созишномаҳои зиёд ба имзо расидаанд, он ба таҳсили донишҷӯёни зиёди ӯзбек дар Тоҷикистон ва табодули донишҷӯёну устодон миёни донишгоҳҳои ҳарду кишвар оғоз мебахшад.

Лутфия Раҷабова ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз, вақте ки вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон хеле ташаннуҷ аст, вақте ки терроризму экстремизм давлату минтақаҳои навро фаро гирифта истодааст, вақте ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки он ҷо вазъи сиёсӣ носубот аст, ҳамсарҳаданд, муттаҳидии тамоми қувваҳо ва ҳамкории зичи ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ зарур мебошад. Он ҳатман самараашро хоҳад дод.

Лутфия Раҷабова изҳори итминон намуд, ки намояндагони ду кишвар барои рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак тамоми неруву талошҳои худро ба харҷ хоҳанд дод.

 

Август 3, 2018 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад