«Занони хонашин соҳиби касбу ҳунар гардиданд»- бардошт аз нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила

Август 2, 2018 11:18

ДУШАНБЕ, 02.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Бо мақсади омода намудани ҷавонон ба бунёди оила ва танзими муносибатҳо дар он  Кумита дастпарварони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-ро  ба курсҳои омӯзишии маърифати оиладорӣ, пешхизматӣ ва сайқал додани  ҳунари кадбонуӣ ҷалб намуд», — чунин баён дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода.

И. Қосимзода ҳамчунин доир ба дигар паҳлӯҳои фаъолияти Кумитаи мазкур дар шашмоҳаи аввали соли 2018  ҳисобот дода, аз ҷумла,   зикр кард, ки бо мақcади татбиқи босамари  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти  падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Низомномаи комиссияҳои  ҷамъиятии кумитаро таҳия ва тасдиқ намуда,  ҷиҳати баланд бардоштани  таълиму  тарбия  дар муҳити хонавода, мактаб ва ҷомеа,  инчунин ҷиҳати пурзӯр намудани он  дар ҳамаи  зинаҳои таҳсилот  тадбирҳои зарурӣ  меандешад.

«Кумита бо мақсади ҳавасмандгаронии донишҷӯдухтарони лаёқатманд ва аълохони донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли хониши 2018 20 нафар ҷавондухтаронро бо идрорпулии кумита ба маблағи 1000  сомонӣ барои як соли хониш таъмин намуд. Дар ин давра  дар ҳамкорӣ бо масъулини Агентии  меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ занону духтарони хонашин  ба омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун  ҷалб гардиданд, ки  баъди ҷамъбасти курсҳои  кӯтоҳмуддат  онҳо бо ҷойҳои  кор таъмин  мегарданд», — афзуд номбурда.

Август 2, 2018 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд