ПАЙМОНИ МИЛЛӢ – «иттиҳоди панҷ нафар» барои пинҳон кардани аъмоли ҷиноӣ

Сентябрь 18, 2018 09:25

ДУШАНБЕ, 18.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз номуваффақӣ дар роҳи таъсиси Иттиҳоди неруҳои созандаи Тоҷикистон, роҳбарони фирории ташкилоти экстремистию террористии «Ҳизби наҳзати исломӣ» эълон карданд, ки эъломия қабул карда, Паймони миллӣ ташкил намуданд.

Таҳлилгарони тоҷик пас аз шиносоӣ бо таъсисдиҳандагону аъзои ин паймон, онро «иттиҳоди панҷ нафар»-е номиданд, ки ҳадафи аслиаш зери парда пинҳон кардани аъмоли ҷиноии худи онҳо ва ба даст овардани маблағ буда, боз ҳам аз ҷониби ягон нафар «мухолиф»-и солимақл ҷонибдорӣ наёфт.

Чунин аст андеша ва хулосаи таҳлилгарони тоҷик дар бораи «Паймони миллӣ», ки зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз доштанд.

Доктори илмҳои фалсафа, муовини директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ Муҳиба Маҳмадҷонова таъсисдиҳандагони «Паймони миллӣ»-ро гурӯҳи хурде номид, ки мехоҳанд бо ҳар гуна роҳ оромиву суботи Тоҷикистонро халалдор намоянд:

— Ташкилкунандагони «Паймони миллӣ» зиёд нестанд ва ҳадафи нопоку иғвогарона доранд. Онҳо гурӯҳаке ҳастанд, ки мехоҳанд вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд, аммо ҳеҷ гоҳ ба мақсадашон намерасанд, чун дар дохил ҷонибдор надоранд. Ташкили паймон танҳо барои пинҳон кардани аъмоли ҷинояткоронаашон аст. Мардуми тоҷик чеҳраи аслии онҳоро хуб мешиносад ва аз ин сабаб, онҳо мехоҳанд зери номи нав худро неруи мухолифи созанда муаррифӣ карда, мавқеъ пайдо кунанд. Аммо ин навбат низ тири онҳо хок мехӯрад, зеро халқи тоҷик аз ҳаводиси солҳои 90-ум сабақ гирифт ва дигар ба фиреби наҳзат дода намешавад.

Имрӯз на фақат ман, балки аксари мардум дар тааҷҷубанд, ки Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ба намояндагони ин ҳизби террористиву экстримистӣ имконияти иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаро медиҳад. Инро метавон бозӣ ва роҳандозии сиёсати духӯра номид, ки хеле хатарнок аст. Масъулини САҲА бояд дарк кунанд, ки дастгирии созмонҳову ташкилотҳои террористӣ ҳамеша пайомади бад дорад. Агар САҲА нияти фароҳам овардани платформаи музокираро дошта бошад, пас бояд бо риояи қоидаҳои дипломатияи ҷаҳонӣ онро ба намоиш гузорад. Дар чунин ҳолат Ҳукумати Тоҷикистон шояд бархӯрди дигар зоҳир намояд. Аммо агар мақсади ташкили ҷаласа дастгириву пуштибонии созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бошад, инро низ возеҳ бояд гӯяд. Мо мушоҳида кардем, ки аз тарзи баргузории кори ҷаласа давлатҳои дигар, аз ҷумла Россия, Туркия ва Озарбойҷон низ эътироз карданд.

Фикр мекунам бо гузашти вақт ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан созмонҳои байналмилалие, ки воқеан арзишҳои демократиро пайгирӣ мекунанд, ин ҳиллаи шаръии наҳзатиҳоро дарк менамоянд.

Директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ Зикриё Акрамӣ:

— Гурӯҳе, ки бо маблағи хоҷагони хориҷӣ амал карда, паймону иттиҳод ташкил менамояд, дар худ мақсаду мароми нек дошта наметавонад. Сабаби номивазкуниву ташкили паймону иттиҳод ба даст овардани маблағ аст.

Ин ҳизб чунон ба ботлоқ ғӯтидааст, ки бовар дорам ба оҳистагӣ худи роҳбарони фирории он номи ин ҳизбро пурра аз байн мебаранд.

Наҳзатиҳо худро ҳомии ҳуқуқ муаррифӣ кардан мехоҳанд, аммо дар асл онҳо парвои демократияву ҳуқуқи инсон надоранд. Худашон ба гапҳояшон бовар намекунанд, чун ғояи онҳо ифротӣ аст. Ба кӯчактарин интиқод бархӯрди ифротгароёна мекунанд. Баъди ин кӣ бовар дорад, ки онҳо демократия месозанд?

Онҳо ягон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф надоранд. Куҷост барномаи онҳо? Танҳо номи исломро дастак карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он суиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин арзиши ифротӣ аст.

Бовар дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо гузашти вақт мақсаду мароми аслии онҳоро дарк менамояд. Танҳо бояд дуруст фаҳмонид.

Имрӯз онҳо ҳеҷ қувваву неру нестанд, аммо агар ҳоло паҳншавии ғояҳои радикалии ин ҳизбро пешгирӣ накунем, он паҳн мешавад ва дигаронро олуда менамояд.

Мо бояд марому мақсади онҳоро хуб дарк кунем ва дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем.

Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Ёрмаҳмад Ниёзӣ:

— ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом бо чанд ҳамақидагони худ Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил кард, ки ин ҳиллаи шаръии роҳбарони ҷинояткори ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ аст. Онҳо мехоҳанд, ки бо ин ҳиллаи худ бори дигар мавқеъ пайдо карда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ва маблағ пайдо намоянд. Ин бозии дуқутбаи баъзе аз давлатҳову қувваҳои бозингари сиёсӣ аст, ки дар паси он дирижёрҳо нишастааст.

Ин эътилоф ё паймони ташкилкардаи онҳо зидди Тоҷикистон ва суботу амнияти он аст. Оромиву пешравии Тоҷикистон ба ин гурӯҳ ва хоҷагони онҳо хуш намеояд. Онҳо тавони дидани Тоҷикистони рушдкарда ва босубот надоранд.

Ин паймон аслан аз панҷ нафар иборат аст, ки ҳеҷ қувва буда наметавонанд ва он як навъ парда пӯшонидан ба ҷиноятҳои содиркардаашон аст. Мақомоти Тоҷикистон пурра исбот кард, ки онҳо табаддулоти давлатӣ анҷом доданӣ буданд. Исбот шуд, ки кӣ пул додааст ва он барои чӣ сарф шудааст. Аммо САҲА ин ҳама далелҳои раднопазири Тоҷикистонро нодида мегирад. Инро метавон танҳо бозии дуқутба номид. Зеро созмоне, ки ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузорад, террористонро пуштибонӣ намекунад.

Арзишҳои демократӣ ҳеҷ гоҳ бо ғояи наҳзатиҳо мутобиқат наменамояд. Наҳзатиҳо низоми тоталитариро дар сар мепарваранд, пас оё онҳо метавонанд демократия ҷорӣ кунанд? Ҳоло, ки дар Аврупоянд, омӯзанд, ки демократия чист. Худи наҳзат кадом меъёри демократиро риоя мекунад?

Ҷомеаи шарқӣ нозукиҳои худро дорад. Демократияе, ки дар тасаввури ғарбиён аст, онро дар Шарқ ҷорӣ карда намешавад. Кадом давлате, ки дар он демократия ҷорӣ карданӣ буданд, имрӯз ободу ором аст? Ҳама ҷангзада шудаанд. Дастгирии наҳзат заминагузорӣ барои бесуботгардонии минтақа аст.

Аслан Паймони миллӣ ё чанд роҳбари ҷинояткору фирории наҳзат барои Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик ҳеҷ хатаре надорад ва бархӯрди шадиди Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонон ва эъҷоди нооромӣ дар минтақа аст.

Агар даъвогарони «демократияву озодӣ ва ҳуқуқи инсон» неруҳои созанда бошанд, пас бояд дар Тоҷикистон ва бо риояи қонун фаъолият намоянд.

 

Сентябрь 18, 2018 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид