АЗ ТАЪРИХИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. Орзуи Аҳмад Дониши ислоҳотпарвар ин буд, ки Осиёи Миёнаи феодалӣ ба кишвари пешрафта мубаддал гардад

Сентябрь 27, 2018 15:16

ДУШАНБЕ, 27.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, соли  равон  ба баимзорасии «Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» 25 сол пур мешавад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар афканем,  итминон ҳосил мекунем, ки  муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Россия зиёда аз ду аср  пеш ибтидо гирифтаанд. 

Соли 1857 аз номи давлати тоҷикон ба Россия ҳамчун котиби сафорат (элчӣ) сафарбар гардидани яке аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик,  файласуфу маорифпарвар, муарриху сиёсатмадор, муҳандису меъмор  Аҳмад Махдуми Дониш  далели гуфтаҳои болост.

Ормонҳои дар «Наводир-ул-вақоеъ» нуҳуфтаи Аҳмади Дониш, ки тибқи он башар фақат барои ободкорӣ халқ шудааст  ва инсонҳо мебоист баҳрҳову конҳову дигар воситаҳои рушду тараққиро муҳайё кунанд, имрӯз дар фаъолияти рӯзмарраи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа роҳбари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба назар мерасад. Сохтану ба истифода додани конҳову нақбҳо, таҳияи баҳрҳо ба василаи сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бештар хусусияти ободкорӣ касб намудаанд, чунки фақат ободу хуррамгардонии Ватан имкон фароҳам меоварад, то мову шумо аз хушиҳои зиндагӣ бархурдор бошем. Ин нукта дар як ҳамоише, ки  соли гузашта Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида  ба 190-солагии Аҳмад Маҳдуми Дониш доир  намуда буд, баён гардид.

Дар ҳамоиши мазкур ҳамчунин  таъкид шуда буд, ки олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд дар ҷараёни рушду тараққии кишвар саҳмгузор бошанд ва ошкор намудани паҳлӯҳои ҳанӯз таҳқиқнаёфтаи осори Аҳмади Дониш низ аз зумраи нақшгузорӣ дар таҳаввулоти ҳамаҷонибаи мамлакат маҳсуб мешавад.

Инак, афкори ин донишмандро ин ҷо тазаккур менамоем, ки гуфтааст: «Ва моро овардаанд то ҷаҳон обод дорем ва баҳрҳо ва конҳо кушоем ва аҷоиботи олами арконро зоҳир намоем. Ва моро аз лавозим аст, ки таҳқиқи миллали дунё кунем ва сара аз сақат фарқ бинмоем».

Аҳмад Маҳдуми Дониш, ки яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик маҳсуб мешавад,  тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси ин дарбор таъйин мегардад.

Ҳамин  фаъолияти  Аҳмади Дониш дар дарбор сабаб мешавад, ки  ӯ дар ҳайати сафорати аморати Бухоро  се маротиба ба Петербург  сафар кунад.

Аҳмади Дониш дар охири умр аз дарбор дур шуда,  солҳои 1875 — 1882 «Наводир-ул-вақоеъ»-ро  навишта,  дар  таълифи ин асар зиёда аз даҳ соли умрашро сарф намудааст.  Дониш дар асари «Наводир-ул-вақоеъ» тавсифи се сафари ба Россия кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф зимни тасвири сафарҳояш дар бораи маданият ва илми пешқадами Россия, тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии ин мамлакат маълумот ва нақлҳои хеле шавқангез овардааст.  Мақсаду маром ва  орзуи ин алломаи ислоҳотпарвар  аз  ин сафаргуфтаҳояш он  буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишвари пешрафта гардад.

Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» дар бораи тарбияи насли наврас, усули таҳсили нодуруст ва аз талаботи ҳаёт дур будани мактабҳо ва ҳам мадрасаҳо хеле муфассал таваққуф намуда, ба ин восита шахсони пешқадам ва умуман мардуми Бухороро ташвиқу тарғиб намудааст, ки илмҳои дунявӣ ва санъату ҳунари инсониро, ки дар Россия хеле ривоҷу равнақ доранд, омӯзанд ва барои тараққиёти ҷамъият истифода баранд.

Аҳмади Дониш аз ҷумлаи аввалин донишмандоне буд, ки дар асарҳои худ дар бораи хурофот, дӯстии халқҳо, ҳамзиштии осоиштаи мардумон,  маданияти пешрафтаи аврупоӣ, тамаддуни пешқадам, мубориза бар зидди фасод, амалҳои ғайриинсонии ҳокимону бойҳо, бесаводию ҷоҳилии мансабдорони давр навишта, онҳоро мазаммат намудааст.

Асарҳои Аҳмади Дониш дар байни доираи фарҳангии он замон  нисбат ба санъату маданияти пешқадами Россия ҳусни таваҷҷуҳ бедор карданд. Инчунин Дониш дар асарҳояш дӯстии мардумонро тарғибу ташвиқ намуда, онро заминаи зиндагии осуда номидааст.

Устод Лоиқ Шералӣ  дар як шеъраш бо номи  «Аҳмади Дониш»  аҳамияти осори ин марди маорифпарвар ва ақидаҳои ислоҳотхоҳонаи   ӯро хеле зебо тасвир намудааст:

Аз Петербург – шаҳри исёнӣ,

То Бухорои шаҳри нисёнӣ.

Пайки тағйири қисмат овардӣ –

Пайки тағйири рӯзи инсонӣ…

 

Як ту бонии он Ватан будӣ,

Ҷангии ҷанги мову ман будӣ.

Ламъае дар шабони зулмонӣ,

Мухбири вақти хештан будӣ.

 

Як ту будӣ фидоии миллат,

Дар ғами ошноии миллат.

Ҳамчу як пешмаргаи пайкор

Баҳри мушкилкушоии миллат.

 

Як ҷаҳон буд кӯру ту бино,

Як ҷаҳон буд гунгу ту гӯё.

Як ҷаҳон буд ташнаю афсӯс,

Ҳам надонист, ки туӣ дарё…

Хотиррасон мешавем, ки   ҳоло чанд нусхаи қаламии   «Наводир- ул- вақоеъ»  дар китобхонаҳои Душанбе, Тошканд,  Санкт –Петербург , аз ҷумла нус­хаи бо дасти Дониш китобатшуда дар захираи дастнависҳои шуъбаи ленинградии Институти шарқшиносии АФ Иттиҳоди Шӯравӣ (таҳти рақами В 716) нигаҳдорӣ мешаванд.  «Наводир- ул- вақоеъ» аз муқаддима (дар он муаллиф мақсад ва вазифаи худро аз таълифи асар баён кардааст) ва 23 боб иборат аст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

       Таҳияи
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 27, 2018 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Вена мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо волии шаҳри Анқара мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Теҳрон маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар мулоқот намуд
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмии Миср мулоқот намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад