Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид: «Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд»

Октябрь 14, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз мулоқот дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид изҳор дошт, ки робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Қатар муҳим арзёбӣ мегарданд ва ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар ҳоли густариш қарор дорад.

Ӯ таъкид намуд, ки ҷонибҳо барои тақвияти ин раванд тадбирҳои муштарак меандешанд.

Намояндаи Қатар ҳамчунин изҳор дошт, ки умедвор аст робитаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар оянда боз ҳам рушд ёфта, ҳамкорӣ байни ду давлат пурсамар хоҳад шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид