Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам

Сентябрь 21, 2018 18:17

ДУШАНБЕ, 21.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хабари реҳлати бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг боиси андӯҳи мо гардид.

Бо фаъолияти фидокорнаи худ дар маснади олии Президенти кишвар ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим Чан Дай Куанг соҳиби иззату эҳтироми ҳамватанонаш гашта, дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибори баланд пайдо карда буд.

Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».

Сентябрь 21, 2018 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон