«БИЁЕД, ЭЙ РАФИҚОН, ДАРС ХОНЕМ!..». Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз гардид

Сентябрь 1, 2018 11:01

ДУШАНБЕ, 01.09.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз,   1-уми  сентябр  дар  ҳамаи дабистонҳои мамлакат  Рӯзи дониш таҷлил гардида, бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Дар ин рӯз  хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН  дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 — и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор дошт ва ба шодиву хурсандии   хонандагону  омӯзгорони ин мактаб  шарик гардид.

Тавре хабарнигори мо  иттилоъ медиҳад, ҷамъомади тантанавии ин муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи дониш  бо  тамошои  суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил оғоз  гардид.

Тавре  директори муассисаи номбурда Нозима Камолова иброз намуд, соли равон  дар Рӯзи дониш  мактаби  мазкур дари худро ба рӯйи 1456 нафар хонандагон боз намудааст. Аз ин теъдод  195  нафари онҳоро  хонандагони синфи як ташкил медиҳад, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд. Дар муасссаи мазкур 51 нафар омӯзгорони ботаҷриба хонандагонро ба ҷараёни таълиму тарбия  фаро мегиранд.

Бояд зикр кард, ки тамоми синфхонаҳои муассисаи мазкур таъмир  шуда, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин муассиса барои  омӯзиши  дарсҳои забони англисӣ ва русӣ  барои хонандагон тамоми шароитҳои таълим фароҳам оварда шудааст.

Дар долони мактаб акси  Устод Садриддин Айнӣ ба чашм мерасад, ки дар замони худ маҳз дар ҳамин рӯз ҳамагонро ба омўхтани илму дониш даъват намуда будааст:

Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,

Ба бекорию нодонӣ намонем!

Ба олам ҳар касе бекор гардад,

Ба чашми аҳли олам хор гардад…

Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун  Рӯзи дониш  дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида,  соли нави хониш дар ин рӯз бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба  даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал  соли 1984  дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр  ҳамчун Рӯзи дониш эълон  ва таҷлил  гардида буд. Ин анъана то ба имрӯз идома дорад.

Сентябрь 1, 2018 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид