«БИЁЕД, ЭЙ РАФИҚОН, ДАРС ХОНЕМ!..». Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави хониш бо Дарси сулҳ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1-уми сентябр дар ҳамаи дабистонҳои мамлакат Рӯзи дониш таҷлил гардида, бо садо додани занги аввал ва Дарси сулҳ оғози соли нави таҳсил эълон гардид. Дар ин рӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 — и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қарор дошт ва ба шодиву хурсандии хонандагону омӯзгорони ин мактаб шарик гардид.
Тавре хабарнигори мо иттилоъ медиҳад, ҷамъомади тантанавии ин муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи дониш бо тамошои суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил оғоз гардид.
Тавре директори муассисаи номбурда Нозима Камолова иброз намуд, соли равон дар Рӯзи дониш мактаби мазкур дари худро ба рӯйи 1456 нафар хонандагон боз намудааст. Аз ин теъдод 195 нафари онҳоро хонандагони синфи як ташкил медиҳад, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд. Дар муасссаи мазкур 51 нафар омӯзгорони ботаҷриба хонандагонро ба ҷараёни таълиму тарбия фаро мегиранд.
Бояд зикр кард, ки тамоми синфхонаҳои муассисаи мазкур таъмир шуда, бо таҷҳизоту воситаҳои таълимӣ, компютеру тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин муассиса барои омӯзиши дарсҳои забони англисӣ ва русӣ барои хонандагон тамоми шароитҳои таълим фароҳам оварда шудааст.
Дар долони мактаб акси Устод Садриддин Айнӣ ба чашм мерасад, ки дар замони худ маҳз дар ҳамин рӯз ҳамагонро ба омўхтани илму дониш даъват намуда будааст:
Биёед, эй рафиқон, дарс хонем,
Ба бекорию нодонӣ намонем!
Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад…
Ёдовар мешавем, ки 1 сентябр ҳамчун Рӯзи дониш дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷлил гардида, соли нави хониш дар ин рӯз бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Таърихи пайдошавии ин рӯз ба даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ рабт дорад. Бори аввал соли 1984 дар Иттиҳоди Шӯравӣ расман якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш эълон ва таҷлил гардида буд. Ин анъана то ба имрӯз идома дорад.













КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






