«БО ДЕГ ШИНӢ – СИЁҲ ШАВӢ…». Дар Варшава аз иштирокчиёни ҳамоиши тоҷикистониёни муқими Полша даъват намуданд, ки ҳушёру зирак бошанд ва ба доми фиреби гурӯҳҳои экстремистию террористӣ наафтанд

Сентябрь 15, 2018 12:31

ДУШАНБЕ, 15.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Варшава бо ташаббуси донишҷӯёни тоҷикистонӣ Конференсия оид ба пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистию террористӣ дар байни тоҷикистониёни муқими Ҷумҳурии Полша  баргузор гардид.

Конференсияро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федералии Германия ва Ҷумҳурии Полша Маликшо Неъматов ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, ки дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд, сухан гуфт.  Бино ба иттилои сафир, дар ҷараёни сафари кории қаблии ӯ ба Полша, ки моҳи июни ҳамин сол сурат гирифтааст, Маликшо Неъматов бо масъулони Вазорати  маориф  ва Палатаи савдо ва саноати  ин кишвар мулоқот намуд ва ҷонибҳо омодагии худро ба ривоҷи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва савдои хориҷӣ баён доштанд. Соҳибкорони Полша даъвати сафири Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкорон, ки аст 14 октбяри соли равон дар шаҳри Душанбе доир шавад, бо камоли майл пазируфтанд.

Дар баробари ин Маликшо Неъматов изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯзҳо дар нишасти анъанавии  САҲА дар Варшава аҳзоб ва гурӯҳҳое ширкат ва суханронӣ мекунанд, ки дар Тоҷикистон расман ташкилотҳои экстремистию террористӣ эълон шудаанд ва ин, албатта, ба ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин созмони бонуфуз наметавонад халал ворид насозад.

Дар  конференсия  аъзои ҳайъати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ, ки барои иштирок дар машварати  САҲА ба Варшава рафтаанд, инчунин  донишмандону коршиносони поландӣ, ки ба омӯзиши равандҳои Тоҷикистон машғуланд, ширкат намуданд.

Ширкаткунандагони конференсия аз донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони  муқими Полша даъват намуданд, ба доми тазвири чунин ҳизбу гурӯҳҳои авомфиреб ва ҷинояткор дода нашаванд, аз мақоли халқии «Бо дег шинӣ – сиёҳ шавӣ» кор гирифта, аз ҳамнишинӣ бо чунин гуруҳҳои ифротӣ ва ҷиноӣ  канораҷӯӣ намоянд ва қотеона алайҳи амалҳо ва ҳадафҳои нопоки онҳо, ки мехоҳанд муносиботи неку самимонаи Тоҷикистонро бо кишварҳои  Ғарб доғдор намоянд, мубориза баранд.

 

Сентябрь 15, 2018 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд