БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН-НАМОИШИ ОБИИ ФЛАЙБОРД! Сокинон ва меҳмонони Душанбе имрӯз ва рӯзҳои дигар зимни тадбирҳои идона аз тамошои ин бозии ҷаззоб бархӯрдор хоҳанд гашт
ДУШАНБЕ, 06.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» намоиши варзиши обии «Флайборд» баргузор карда мешавад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиши варзиши обии «Флайборд» дар «Боғи фарҳангию фароғатии Кӯли ҷавонон» имрӯз, 6 сентябр, соати 17.00 оғоз мегардад.
Намоиши варзиши обии «Флайборд» дар боғи мазкур 7 ва 8 сентябр низ баргузор мегардад. Даромад ба намоиш ройгон ба роҳ монда шуда, баҳри муаррифии он варзишгарони варзидаи сатҳи байналмилалӣ аз Федератсияи Россия даъват шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки бозии обии Флайборд шоми дирӯз дар Боғи Абулқосим Фирдавсӣ низ баъд аз ифтитоҳи расмии ин муассисаи фарҳангию фароғатӣ намоиш дода шуд.
Хотиррасон менамоем, ки Флайборд (англ. FlyBoard) — навъи душвор ва экстремалии варзиш мебошад: варзишгар рӯи тахтаи махсус тариқи фишори об, ки тавассути муҳаррик ба ҳаракат дароварда мешавад, дар фазо рақсу ҳаракатҳои аҷоиб ва ҷаззоб намоиш медиҳад. Флайборд соли 2005 аз ҷониби қаҳрамони ммусобиқот оид ба аквабайк, варзишгари Фаронса Френк Запат кашф шудааст.








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






