БОЗДИД АЗ «КӮЛИ ҶАВОНОН». Баъди навсозӣ он ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст
ДУШАНБЕ, 04.09.2018 / АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз боғи мазкур дидан намуда, бо масъулин ҳамсуҳбат гардид.
Ҳангоме ки мо дар ин боғ қарор доштем, як гурӯҳ донишҷӯён ба сайру гашт ва аксбардории якҷоя машғул буданд. Зимни суҳбат онҳо иброз доштанд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд ва баъди дарс ба ин ҷо барои истироҳат омадаанд. Яке аз онҳо, ки худро Меҳроб Саидов муаррифӣ кард, иброз дошт, ки «мо зодагони даврони истиқлоли мамлакат, насли хушбахти замонем. Ба ин боғ назар афканед. Дар ин макони фарҳангӣ барои истироҳату фароғати сокинон, алалхусус, барои мо, ҷавонон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мо, ҷамъи ҳамсабақон дар таътили тобистона қарор доштему якдигарро сахт пазмон гардидаем.
Ба ин боғи зебо омадаем, то бо ҳам суҳбат намуда, аз аҳволи якдигар хабардор шавем. Чунин ҳам кардем, дар нишастгоҳҳои бофароғати ин боғ суҳбат карда, аз дидори якдигар шод гаштем. Баъд якҷоя қаиқронӣ кардему як ҷаҳон ҳаловат бурдем. Мо шукрона мекунем, ки дар чунин Ватани обод, орому осуда ва дар пойтахти мамлакат –шаҳри ҳамешабаҳори Душанбе таҳсилу зиндагӣ дорем. Мо, ҷавонон, бояд ба қадри ин ҳама заҳматҳову таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат бирасем ва бо хониши аълову рафтори намунавӣ ба ин ғамхориҳо ҷавоб гардонем» .
Дар боғ зани солхӯрда Розия Кенҷаева, ки солҳои тӯлонӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №67-и шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст, ба аксбардорӣ машғул буд. Номбурда иброз дошт, ки «ман ин суратҳоро ба набераҳоям, ки ҳоло дар Федератсияи Россия зиндагӣ доранд, мефиристам. Ҳангоми тамос доимо ба онҳо мегӯям, ки дар ду соли охир симои Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст. Набераҳоям, ки дар оғӯши ин шаҳри зебо ба воя расидаанд, аз ман хоҳиш менамоянд, ки онҳоро аз ҳама навигариҳои шаҳри даврони бачагиашон — Душанбе огоҳ созам ва аксҳоро барояшон равон кунам».
«Бо оғоз шудани соли нави таҳсил шумораи истироҳаткунандагони Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» рӯз то рӯз меафзояд. Мавриди хушҳолист, ки боғи мазкур ба макони сайру гашт ва истироҳати доимии сокинону меҳмонони пойтахт табдил ёфтааст.
Ҳудуди ин боғ 3,5 гектарро ташкил дода, дар ҷараёни корҳои навсозӣ зиёда аз 15 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш, 18 ҳазор метри мураббаъ майсазор ва барои сарсабзу хуррамгардонӣ дар ҳудуди он зиёда аз 500 бех дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд. Барои чароғонкунии боғи мазкур 267 сутунпояи аз 3 то 12-метра насб карда шудаанд, ки шомгоҳон чароғҳои ранга бо фаввораҳои дилфиреб, навъҳои гуногуни гулу буттаҳои ороишӣ муҳити боғро ниҳоят зебою назаррабо мегардонанд. Ҳар бегоҳ шаҳрвандон ҳамроҳи аҳли оилаашон ба ин макони дилфиреб омада, сайру тамошо ва фароғат мекунанд», — иброз дошт директори боғи мазкур Шарофиддин Сабзов.
Директори муассисаи мазкур ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар боғ зиёда аз 400 ҳазор бех гулҳои рангоранг, аз ҷумла, се навъи гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, як фаввораи калони бо мусиқӣ танзимшаванда ва ду фаввораи хурд, таваққуфгоҳ барои 70 мошин, 70 адад курсиҳои гуногун барои истироҳати сокинону меҳмонон ва бинои нави маъмурӣ низ сохта шудааст.
Дар боғи мазкур ҳамчунин майдонча барои бозии кӯдакону наврасон бунёд гардида, гӯшаи алоҳидаи табиати кишвар ва олами вуҳуш ташкил карда шудааст, ки дар онҳо ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо ва ҳайвонот ин мавзеъро боз ҳам диққатҷалбкунанда намуда, барои машқҳои шиноварию саёҳат дар об 20 қаиқи замонавӣ ба сокинон хизмат мерасонанд.
Ёдовар мешавем, ки 28 августи соли 2018 дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» баъди навсозӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.
Бояд зикр кард, ки Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ҳанӯз соли 1940 бунёд ёфта, бо гузашти солҳо ин мавзеъ, арғунчакҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти дилхушии кӯдакон корношоям гардида, ба навсозии пурра эҳтиёҷ доштанд. Корҳои навсозӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 2017 оғоз гардида буданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

































Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 106,7 фоизи корҳои созандагӣ бахшида ба ҷашни миллии Тоҷикистон таъмин гардидааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт
Нақши Пешвои миллат дар рушд ва эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи шаҳри Роғун се кӯдакистон ба истифода дода шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…». Дар Тоҷикобод даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳри Исфара вохӯрӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Суғд зиёда аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистони хусусӣ ва толорҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд






