Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»-и шаҳри Турсунзода

Сентябрь 27, 2018 14:08

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода дар Ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки 16,4 гектарашро токзор ташкил медиҳад. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» 18 нафар саҳмдор дошта, дар токзори он асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешаванд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ ҳамзамон дар майдони 4,8 гектар писта парвариш меёбад ва аҳли заҳмати он дар рӯёнидани ғалладонагиҳо низ таҷрибаи ғанӣ доранд.

Таъкид гардид, ки қаблан дар заминҳои ин хоҷагӣ кишти гандум ба роҳ монда мешуд, ки аз сабаби норасоии об аҳли заҳмат ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонист. Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парвариш карда ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинониданд ва имрӯзҳо аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.

Дар токзори ин хоҷагӣ ҳамчунин ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаби ин мавзеъ имкон даст додааст, ки 100 нафар сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни боздид аз майдонҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», ки дар онҳо парвариши навъҳои ангури хуштамъ бо санъати баланди касбӣ ба роҳ монда шудааст, дорои талабгорони зиёд дар бозорҳои минтақа арзёбӣ карданд. Аз хӯшаҳои ҳосили фаровони токҳои ангур аён аст, ки аҳли заҳмати хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» ҳамасола аз ин пешаи худ ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва дар таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти ин меваи хуштаъму дорои талабгорони зиёд дар ҷаҳон саҳми назаррас мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 аҳли заҳмати ин хоҷагӣ беш аз 540 тонна маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва кишварҳои Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот кардаанд ва соли ҷорӣ беш аз 500 тонна маҳсулоти хушсифат истеҳсол намудаанд. Ҳамзамон дар назар аст, ки боз 230 тонна навъҳои гуногуни ангурро ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозорҳои дохилию берунӣ намоянд.

Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз сардхонаи хоҷагӣ ба таҷрибаи аҳли заҳмати хоҷагии мазкур дар ин самт баҳои баланд дода шуд. Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бо мақсади захираи маҳсулот аз ҷониби саҳмдорон дар назди хоҷагӣ сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бунёд гардидааст.

Сардхона, ки дорои 12 нуқтаи нигаҳдории маҳсулот мебошад, таҷҳизоташ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид гардидааст ва барои бо сифат нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ мебошад.

Хоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ диққати ҷиддӣ дода, дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ 20 номгӯй ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш мегардад, ки барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, инчунин ба қисмҳои низомии мамлакат ҳамасола 3-5 ҳазор дона ниҳол ройгон тақсим карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташаббуси роҳбарияти хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат»-ро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ намуданд ва ин иқдомро дар таъмини дастурхони мардумони на танҳо минтақа, балки кишварҳои дур низ бо маҳсулоти ниёзи аввалин муҳим маънидод карданд.

Дар ин ҷо ба Хоҷагии деҳқонии «Ватан» аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев як автомашинаи сабукрави замонавӣ ҳадя карда шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» ҳамчунин 841 сар чорвои хурд парвариш карда мешавад ва заминҳои чарогоҳи зимистонаю тобистонаи он 2 ҳазору 282 гектарро дар бар мегиранд.

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»-и шаҳри Турсунзода 27.09.2018

Сентябрь 27, 2018 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд