Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»
ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 27 сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Сарони ду давлат аз вазъи феълии ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, дидан намуда, бо кормандони он аз наздик суҳбат карданд.
Тавре маълум гашт, айни замон аҳли заҳмати хоҷагии мазкур ба ҷамъоварии ҳосил машғул буда, ба иттилои масъулин, то ин дам аллакай 3 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъовариву ба бозорҳои дохилу хориҷ интиқол дода шудааст.
Иброз гардид, ки «Боғи Сомон» яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор рафта, кормандони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро соҳибанд. Аз ин ҷост, ки соли 2017 Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, ҳамин тавр дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.
Ба меҳмонони олиқадр иттилоъ доданд, ки айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур, аз ҷумла «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар доранд.
Тавре маълум гашт, Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” баробари парвариши васеи навъу намудҳои гуногуни ангур, инчунин ба парвариши чорвои калону майда низ машғул аст.
Бояд тазаккур дод, ки Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1102 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур хоҷагӣ дорои таҷрибаи бойи корӣ ва шароити мусоид буда, ҳамасола то 500 тонна маҳсулот дар сардхонаҳои он нигоҳ дошта мешаванд.
Дар ин рӯз бо иштироки роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев сардхонаи нави хоҷагӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин иқдом имконияти нигоҳдории маҳсулотро ба тарзи чашмрас боло мебарад. Акнун дар маҷмӯъ хоҷагии мазкур имконият пайдо мекунад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро захира намуда, мувофиқи талабот дар дигар фаслҳои сол онро ба бозорҳои мамлакат барорад.
Сохтмони ин сардхона се сол қабл бо иштироки Пешвои миллат оғоз гардида буд ва дар ин муддат бо назардошти талабот бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.
Дар ин иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯи маҳсулоти ғизоӣ, ки аслан аз ангур омода мешаванд, дидан намуданд.
Ҳамчунин аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд.
Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки аксари ин навъи маҳсулот содиротӣ буда, дар баробари бозорҳои дохилӣ, ҳамасола ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот мешаванд.
Дар ин ҷо ба Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев як автомашинаи сабукрави замонавӣ ҳадя карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкории нав, бахусус бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии ҳамсоя- Ӯзбекистон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.









Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд






