Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.20018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Мухриддин ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар рафти ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ намуданд. Инчунин, ба таври муфассал оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, масъалаи омодагӣ ба ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945, баррасӣ шуда, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2019-2020 тасдиқ гардид. Инчунин қарорҳо оид ба амалисозии барномаи давлатии ИДМ “Пойтахти фарҳангии ИДМ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва Конвенсия оид ба тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта қабул шуданд.
Дар рафти ҷаласа, Изҳороти сарони давлатҳои ИДМ ба муносибати ҷашни 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 қабул шуд.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






