Дар Душанбе ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахт кумаки моддӣ расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт, ки дар ободонии шаҳр саҳми арзанда мегузоранд, кумаки моддӣ мерасонад. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 миллиону 895 ҳазору 300 сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла, 245 ҳазору 300 сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва маблағи 4 миллиону 650 ҳазор сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо менамояд.
Тибқи иттилои манбаъ, тақсимот ва супоридани маблағҳои ҷудошуда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то 6 сентябри соли равон тариқи зайл ба роҳ монда мешавад:
— ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо;
— ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе.
Ҳамчунин тибқи ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






