Дар Душанбе дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро натиҷагирӣ карданд
ДУШАНБЕ, 06.09.2018/АМИТ «Ховар»/. Музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишварамон дар зарфи 27 сол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он мушарраф гардидааст, имрӯз зимни ҳамоише дар Маркази тадқиқоти стратегии /МТС/ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат таҳти унвони «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳдиду хатарҳо ба он» баррасӣ шуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар сараввал доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, воқеият ва дурнамо сухан карда, зикр намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои намоён ва шоиста ноил гардид. Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, назири ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз дастовардҳои муҳими солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи дунявӣ қадамҳои муассир мегузорад».
Зикр шуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба баъзе мушкилоти ҷомеа кишварамон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Бунёди иншооти муҳим дар кишвар ва ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дар ҳамоиш муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Марҳабо Олимӣ, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва дигар масъулини вазорату идораҳои мамлакат, коршиносон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ роҷеъ ба илму маориф ва татбиқи он дар истеҳсолот дар замони Истиқлолияти давлатӣ, дастоварду мушкилот, пешгирии ифротгароӣ ва терроризм, нақши занон дар рушди сиёсати давлатӣ, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, дастовардҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон, рушди тафаккури давлатдорӣ миёни ҷавонон, хатару таҳдидҳо ба Истиқлолият, рушди бозори меҳнат, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, мушкилоти ҷойдошта пешниҳодҳо ироа намуда, роҳҳои ҳалли онро баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол муқаддам, аниқтараш 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Он барои миллати тоҷик неъмати бузург буда, таҷлили ин санаи таърихӣ барои мардуми тоҷик ҷашни фархунда арзёбӣ мегардад. Дар ин росто, бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзи ин неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як фарди ҷомеа муҳим буда, танҳо бо роҳи ифодаи садоқат ба Ватан, миллат, ваҳдат, меҳнати софдилона ва худогоҳӣ метавонем дар пешрафту шукуфоӣ, таъмини суботу осоиштагии сарзаминамон ва ҳифзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар гуна таҳдидҳои замони муосир саҳмгузор бошем.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






