Дар Душанбе Фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони «Рангоранг» ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 15.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 15 сентябр дар Боғи кӯдакони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон таҳти унвони «Рангоранг» баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории чорабинӣ хабар медиҳад, фестивали мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи пойтахт ва муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.
Дар доираи фестивали мазкур кӯдакону наврасон – таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии пойтахт дастранҷи ҳунару эҷоди худро ба маърази тамошо гузошта, инчунин бо роҳбаладии омӯзгорон барои сокинону меҳмонони навраси пойтахт барномаҳои дастони моҳир баргузор намуданд.
Ин ҷо корҳои кӯдакон дар бахшҳои ҳунариву техникӣ, санъати тасвирӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва варзишу тарбияи ҷисмонӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин ба хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт имконият дода шуд, ки бо иттиҳодияҳои таълимӣ ва маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт аз наздик ошно шуда, ба онҳо аъзо шаванд.
Фестивал бо баргузории барномаи фарҳангӣ бо иштироки наврасони эҷодкор идома ёфта, дар охир ба иштирокчиёни барнома ифтихорномаҳову дипломҳои созмондиҳандагони он тақдим карда шуд.























Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






