«ЭЛОК-2015»: дар ноҳияи Файзобод нахустин корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз кард

Сентябрь 5, 2018 09:10

ДУШАНБЕ, 05.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рустам Назриев дар ноҳияи Файзобод нахустин корхонаи коркарди шир ба фаъолият оғоз кард. Инак, маҳсулоти корхонаи ҶДММ «ЭЛОК-2015» чанд рӯз боз рафҳои мағозаву дастурхони мардумро пур кардааст. Зеро он аз ҷиҳати экологӣ тоза буда,  мувофиқ ба талаботи муосир истеҳсол мешавад.

Тавре соҳибкор Рустам Назриев дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ иброз намуд, «чанд сол пеш дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод нуқтаи қабули шир бунёд карда будам. Имсол бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия боз як корхонаи коркарди шир таъсис додам. Дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии турш-қурути Файзобод  ба роҳ монда мешавад».

Зикр шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи коркарди шир дар як шабонарӯз то 2 тонна ва дар як моҳ то 60 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. ҶДММ «ЭЛОК-2015» ҳафт намуд маҳсулоти ширӣ, аз қабили қаймоқ, ҷурғот, сметана, кефир, творог, чака ва дуғ истеҳсол мекунад.

Сифати тамоми маҳсулоти ширӣ дар озмоишгоҳ санҷида шуда, он дар сардхона нигоҳ дошта мешавад. Соҳибкор мақсад дорад, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин барои коркарди 8-10 тонна шир таҷҳизоти замонавӣ ворид карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзун намояд.

Ба андешаи масъулин, имкони дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бунёди чунин корхонаҳои шир муҳайёст. Зеро  шири дар як шабонарӯз истеҳсол мекардаи чорводорони ноҳия 38 тоннаро ташкил медиҳад.   Ин омил агар аз як тараф сокинони ноҳияро бо маҳсулоти ширӣ таъмин кунад, аз ҷониби дигар имкон медиҳад, ки нафарони зиёд соҳиби ҷойи кор  гарданд.

Роҳбарияти корхона азм дорад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ коргоҳи истеҳсоли панир ва яхмоси Файзободро низ ба кор дарорад. Дар ҳолати пурра ба кор даромадани коргоҳҳои ин корхона беш аз 50 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Сентябрь 5, 2018 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд