Эмомалӣ Раҳмон: «Кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд»
ДУШАНБЕ, 01.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати кишвар дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайкараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар шаҳраки «Шифобахш» ва дар байни бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи ин алломаи бузург, ки аз нав қомат рост карда истодааст, ҷойгир намуд, ки он рамзи ҷовидонаи эътибори илми тибби тоҷик мебошад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баён намуданд.
Дар ин робита Пешвои миллат ба донишҷуёну омӯзгорон ва дигар иштирокдорони ин маросими тантанавӣ ва дар симои онҳо ба тамоми намояндагони ин пешаи пурифтихор иброз доштанд: «Ман борҳо таъкид кардаам, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад».
Сарвари давлат ҳамчунин иброз намуданд, ки «Вобаста ба ин, кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд. Бовар дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар карда, сазовори ҳурмату эҳтироми умум мегарданд».








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






