Эмомалӣ Раҳмон: «Кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд»

Сентябрь 1, 2018 12:04

ДУШАНБЕ, 01.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати кишвар дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ пайкараи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро дар шаҳраки «Шифобахш» ва дар байни бинои марказии Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи ин алломаи бузург, ки аз нав қомат рост карда истодааст,  ҷойгир намуд, ки он рамзи ҷовидонаи эътибори илми тибби тоҷик мебошад.  Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ  дар таҷлили «Рӯзи дониш», дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баён намуданд.

Дар ин робита Пешвои миллат  ба донишҷуёну омӯзгорон ва дигар иштирокдорони ин маросими тантанавӣ ва дар симои онҳо ба тамоми  намояндагони ин пешаи пурифтихор  иброз доштанд: «Ман борҳо таъкид кардаам, ки вориси Абӯалӣ ибни Сино будан танҳо доштани маълумоти олии тиббӣ ва пӯшидани хилъати сафед нест, балки идома додани афкору андеша ва маҳорати касбии ин чеҳраи нотакрори Шарқ мебошад».

Сарвари давлат ҳамчунин   иброз намуданд, ки «Вобаста ба ин, кормандони соҳаи тибро зарур аст, ки ба савганди худ ҳамеша содиқ бошанд ва ба халқи азизамон софдилона хизмат кунанд. Бовар дорам, ки табибони мо ба нафъи ҷомеа ва солимии он минбаъд талоши бештар карда, сазовори ҳурмату эҳтироми умум мегарданд».

Сентябрь 1, 2018 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн