«Фарҳанги сиёсии ҷавонон чун омили боздорандаи тундгароии динӣ»-таҳти ин унвон яке аз муаллифони фаъоли АМИТ «Ховар» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд
ДУШАНБЕ, 21. 09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 14 сентябр яке аз муаллифони ҷавон ва фаъоли мо–сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикматулло Хоҷаев дар мавзӯи «Фарҳанги сиёсиии ҷавонон чун омили боздорандаи тундгароии динӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Бояд гуфт, ки Ҳикматулло Хоҷаев рисолаи номзудии худро дар шуъбаи сиёсатшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров, ки роҳбарии шуъбаи мазкурро ба уҳда дорад, дифоъ кард.
«Дар асри 21 бунёдгароии динӣ ба яке аз мураккабтарин проблемаҳои сиёсат ва робитаҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст»,- гуфт Ҳикматулло Хоҷаев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ва илова намуд, ки аҳамияти рисолаи илмӣ дар он аст, ки дар замони муосир проблемаи терроризм, ифротгароии динӣ ва муқобилият бо ин падидаи манфӣ яке аз масоили муҳимтарини ҳам давлатҳои алоҳида ва ҳам ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст.
Номбурда дар таҳқиқоти худ омилҳои бавуҷудоварандаи бунёдгароӣ ва ифротгароии диниро аз назари сиёсӣ мавриди омӯзиш қарор дода, зикр намудааст, ки «сабаби ифротгароӣ ва бунёдгароии динӣ дар шароити муосир на таълимоти динӣ, балки ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои инфиродӣ ва иқтисодӣ мебошад».
P.S. АМИТ «Ховар» Ҳикматулло Хоҷаевро бо ин дастоварди илмӣ самимона табрик мегӯяд ва изҳори умедворӣ менамояд, ки минбаъд низ бо мақолаву гузоришҳои ҷолибаш дар ВАО, аз ҷумла дар сомонаи мо дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонон ва мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, ки аз омилҳои ба гуруҳҳои экстремистию террористӣ гаравидани ҷавонон маҳсуб меёбанд, муборизаи хастанопазир хоҳад бурд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






