Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе

Сентябрь 27, 2018 11:49

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи мазкур дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ҷойгир буда, он бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи шоири ӯзбек Низомиддин Алишер Навоӣ ва баҳри пойдор намудани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бунёд гардидааст.

Боғи «Низомидин Алишер Навоӣ» дар майдони 2,23 гектар доман густурда, он пурра ба талаботи замони кунунӣ мувофиқ карда шудааст.

Дар ин боғ дарахтони ороишиву ҳамешасабз, аз қабили магнолия, кипарис, ардач, клион, сиквой ва ғайра шинонида шуда, ҳамчунин дорои гулу буттаҳои рангоранг мебошад. Ба Сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии дарахтони навшинонидашуда дар ин боғ 600 бехро ташкил дода, маҷмуан майдони 14 ҳазор метри мураббаъ майсазор карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки боғи мазкур дар асоси Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 марти соли 2018 «Низомиддин Алишер Навоӣ» номгузорӣ шуда, дар он ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муҷассамаи мутафаккирони барҷастаи ин ду миллати бо ҳам дӯсту ҳамсоя Нуриддин Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта шудааст.

Дар фазои тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз рӯйи муҷассама парда бардошта, ба хотири арҷгузорию эҳтиром ба гузаштаи хеш ва гиромидошти хотираи неки ин ду абармарди таърихӣ дар пояи муҷассама гулчамбар гузоштанд.

Муҷассамаи шоирон аз рӯйи лоиҳаи Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафур Ҷӯраев чун рамзи маърифат дар болои ҳафт зина сохта шуда, он лаҳзаи муҳокимаи асари тозаэҷоди Алишер Навоиро бо устодаш Абдураҳмони Ҷомӣ таҷассум мекунад. Таҳкурсии муҷассама бо санги мармар оро ёфтааст ва дар он нақшу нигори хос ба ҳарду миллат ҳаккокӣ гардидааст.

Атрофи муҷассама ва дигар роҳравҳои боғ пурра сафолакпӯш шудааст ва тӯлонӣ хизмат намудани он кафолат дода мешавад.

Бунёди чунин боғи замонавӣ ва дар он гузоштани муҷассамаи мутафаккири барҷаста Низомиддин Алишер Навоӣ баёнгари хислати неки инсонӣ, башардӯстиву сулҳпарварӣ ва арҷу эҳтиром гузоштан ба гузаштаи хеш аст.

Барои фароҳам овардани шароити мукаммали истироҳату фароғат дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» 80 адад нишастгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза насб карда шудаанд.

Ҳамчунин дар ин боғ қаҳвахона бо фароҳам овардани 50 ҷой барои нишаст бунёд шудааст, ки он дорои таҷҳизоти муосири хизматрасонӣ мебошад.

Дар қисмати дигари боғ майдонча барои бозии кӯдакон ташкил гардида, дар он таҷҳизоти зарурӣ барои дилхушию истироҳати наврасон насб карда шудааст.

Барои машғул шудан ба обу тоби бадан дар боғ ду нуқтаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои варзишӣ мавҷуд аст.

Шабона ҳудуди боғ пурра чароғон буда, барои сайру саёҳат ва фароғату истироҳати сокинону меҳмонони пойтахт басо мусоид аст. Дар ин боғ беш аз 200 поя барои васли чароғҳои равшанидиҳанда насб карда шудааст.

Дар маҷмӯъ ба ороиши боғ бо истифода аз дарахтони гуногуни ҳамешасабз, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва ҷобаҷогузории нишастгоҳҳову дигар инфрасохтори боғ аз ҷониби сарони давлатҳо баҳои баланд дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки боғи “Низомиддин Алишер Навоӣ” аз ҷониби роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ бунёд карда шудааст. Шинонидани дарахтон, сабзухуррамгардонӣ, насби чароғпояву таҷҳизоти зарурӣ ва интихоби мавзеи дигар инфрасохтори боғро аз рӯи тафаккуру нигоҳ, яъне пешниҳодҳои роҳбари  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудаанд. Ҳайкалҳои тарбиявии дар боғ қоматафрохта низ дар доираи пешниҳодҳои роҳбари  Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, ки андешаи бунёди онҳо аз мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сарчашма мегирад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зебову дилфиреб нигоҳ доштани боғ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» дар шаҳри Душанбе 27.09.2018

Сентябрь 27, 2018 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд