Игор Додон: «Тоҷикистон дар ҳақиқат дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, мо метавонем дар истифодаи онҳо ва бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ ҳамкорӣ дошта бошем»
ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз Неругоҳи барқи обии «Норак» дидан намуд.
Меҳмони олиқадрро дар даромадгоҳи НБО «Норак» бо самимияти хосса ва риояи анъанаҳои неки меҳмоннавозии миллати тоҷик истиқбол намуданд.
Ҳайати меҳмонон табиати дилфиребу нотакрори мавзеи НБО «Норак»-ро тамошо намуда, бо фаъолияти ин неругоҳи Тоҷикистон шинос шуданд.
НБО «Норак» пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз ва навсозӣ гардидааст.
Дар заминаи ҳамин сиёсат дар ин самт муваффақиятҳои назаррас рўи кор омада, аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти неруи барқ пурра бардошта шуд ва имрўз сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама фасли сол бо неруи барқ пурра таъмин мебошанд.
Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, Тоҷикистону Молдова метавонанд дар истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.
«Яке аз сарчашмаҳои бузурги табиӣ- ин оби ошомиданӣ аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ин неъмати бузург буда, дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳодҳои созандааш мақоми шоёнро соҳиб аст. Мо намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил талош меварзем, ки обро ба тарзи самаранок ва бо шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем», — иброз дошт И. Додон.
Оби поку мусаффо ва табиати дилфиреб, албатта, дили ҳар бинандаро тасхир мекунанд, ки ин танҳо як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.




















Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»






