Игор Додон: «Тоҷикистон дар ҳақиқат дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, мо метавонем дар истифодаи онҳо ва бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ ҳамкорӣ дошта бошем»

Сентябрь 27, 2018 18:08

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, ки ҷиҳати иштирок дар  ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз Неругоҳи барқи обии «Норак» дидан намуд.  

Меҳмони олиқадрро дар даромадгоҳи НБО «Норак» бо самимияти хосса ва риояи анъанаҳои неки меҳмоннавозии миллати тоҷик истиқбол намуданд.

Ҳайати меҳмонон табиати дилфиребу нотакрори мавзеи НБО «Норак»-ро тамошо намуда, бо фаъолияти ин неругоҳи Тоҷикистон шинос шуданд.

НБО «Норак» пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз ва навсозӣ гардидааст.

Дар заминаи ҳамин сиёсат дар ин самт муваффақиятҳои назаррас рўи кор омада, аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти неруи барқ пурра бардошта шуд ва имрўз сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама фасли сол бо неруи барқ пурра таъмин мебошанд.

Ҳангоми боздид Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда,  Тоҷикистону Молдова  метавонанд дар истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва бунёди иншооти хурду бузурги энергетикӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.

«Яке аз сарчашмаҳои бузурги табиӣ- ин оби ошомиданӣ аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ин неъмати бузург буда, дар арсаи байналмилалӣ бо пешниҳодҳои созандааш мақоми шоёнро соҳиб аст. Мо намояндагони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил талош меварзем, ки  обро ба тарзи самаранок ва бо шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем», — иброз дошт И. Додон.

Оби поку мусаффо ва табиати дилфиреб, албатта, дили ҳар бинандаро тасхир мекунанд, ки ин танҳо як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Сентябрь 27, 2018 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид