Маҷлиси назоратӣ оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. 18 сентябри соли 2018 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ маҷлиси навбатии назоратӣ баргузор шуд.
Дар кори маҷлис сараввал гузориши сардорони раёсатҳои коргузорӣ ва назорат, робитаҳои хориҷӣ, ҳуқуқ, мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои корҳо давоми нуҳ моҳи соли 2018 шунида шуд.
Ҳамчунин дар кори маҷлис муовинони Роҳбари Дастгоҳ, сардорони раёсатҳои молия, рушди иҷтимоӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва бахши кадрҳо ҳисобот доданд.
Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ баъди пешниҳоди гузоришу ҳисоботи сардорони раёсатҳо суханронӣ карда, фаъолияти раёсату идораҳоро ба таври амиқ таҳлилу натиҷагирӣ намуданд.
Раҳмон Озода Эмомалӣ оид ба дастовардҳои мардуми кишвар дар ҷамъбасти натиҷаҳои 9 моҳи соли 2018 ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна, бахусус буҳронҳои иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, имрўз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иқтисоди бозории пешрафтаву устувори миллӣ сиёсати иҷтимоиеро дар ҳаёт татбиқ месозад, ки моҳияти башардўстона дошта, ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва густариши арзишҳои демократӣ мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки тибқи таҳлилу мушоҳидаҳо дар баробари пешравиҳо дар кори раёсату идораҳо як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Барои саривақт ва босифат ислоҳ намудани камбудиҳо, дуруст ба роҳ мондани кори хуҷҷатгузорӣ, интизоми меҳнат, назорати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати дар амал татбиқ кардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулшуда, дар назди сардорони раёсатҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашну идҳои миллӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мулоқоти сарвазирони Созмони Ҳамкории Шанхай дар пойтахти кишвар бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва ба истифода додани навбати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ичунин оид ба омодагии ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, бахусус соҳаҳои иҷтимоӣ, мактабу беморхонаҳо, мактаб-интернатҳо, хонаҳои пиронсолон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019, таъмини иншоотҳо бо гармӣ, неруи барқ, захираи миқдори зарурии сӯзишворӣ ва маводи хӯрокворӣ, гузаронидани муоинаи тиббии мактаббачагон ва хизматчиёни ҳарбӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, расондани кумакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа дастуру супоришҳои дахлдор лозимӣ ироа гардиданд.
Дар охири кори маҷлиси назоратӣ аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ ҳамчунин барои қабули муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи роҳбарони аввали вазорату идораҳо, омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли 2018, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кабудизоркунӣ, тозагии муҳити атроф, кўчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, насби шиору овезаҳо, назорати иҷрои нақша-чорабиниҳо оид ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.













ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






