Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2018 11:40

ДУШАНБЕ, 24.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қарори мазкур такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи меъморӣ ва сохтмон, боз ҳам беҳтар кардани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, инчунин мукаммал ва мушаххас намудани муқаррароти моддаҳои дахлдори Кодекси шаҳрсозӣ мебошад.

Сипас дар кори маҷлис баъди муҳоқима шаш хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоотонӣ”, Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба рӯзномаи маҷлиси навбатии ҳукумат шомил гардида буд, баррасӣ карда, оид ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин дигар дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд.

Дастурҳои мушаххас оид ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ба давраи зимистони солҳои 2018-2019, дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ, омодагии пурраи бахшҳои энергетика, марказҳои барқу гармидиҳӣ, нақлиёт, захираи маводи озуқаворӣ дар минтақаҳои дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, захираи хӯрок ва беталаф баровардани чорво аз зимистон ва истифодаи самараноки чарогоҳҳо дода шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ҳисобот манзур намоянд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.09.2018

Сентябрь 24, 2018 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд