Маросими ба истифода додани бинои маъмурии Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
ДУШАНБЕ, 14.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ, бинои маъмурии Раёсати маорифи вилоят, шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва зерсохторҳои онро мавриди истифода қарор доданд.
Бино аз чор ошёна иборат буда, дорои 42 ҳуҷра мебошад. Дар он зиёда аз 100 нафар кормандони соҳа бо ҳуҷраҳои корӣ таъмин гардида, ҳамзамон ошхона барои 40 ҷой ва хобгоҳ барои 30 нафар корманди соҳаи маориф, ки аз ноҳияҳои дурдаст ташриф меоранд, пешбинӣ гардидааст.
Бино дорои синфхонаи компютерӣ бо 24 ҷой, китобхона, толори хониш, утоқҳои методӣ барои фанҳои табиӣ, риёзӣ, синфҳои ибтидоӣ, забонҳо ва равияи гуманитарӣ мебошад.
Ҳамчунин барои кормандони бахши Хадамоти назорати давлатии соҳаи маорифи вилоят утоқҳои алоҳидаи корӣ пешбинӣ гардидаанд. Ғайр аз ин дар ин бино 4 зерсохтори Раёсати маориф ҷойгир мебошад.
Дар ошёнаи якуми бинои Раёсати маориф Муассисаи давлатии «Маркази технологияи иттилоотии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», синфхонаи компютерӣ ва ошхона ҷойгиранд.
Айни замон шумораи умумии компютерҳо дар мактабҳои вилоят 2700 ва шумораи умумии принтерҳо 810 ададро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар вилоят зиёда аз 15000 толибилми синфҳои аз 7 то 11 аз компютерҳои мавҷуда истифода мебаранд. Ба таълими фанни асосҳои технологияи информатсионӣ 243 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.
Сарвари давлат бо шароити иншооти нав аз наздик шинос шуда, ба сатҳу сифати корҳо баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин дар ин бино «Маркази рушди истеъдодҳо» низ ҷойгир мебошад. Маркази мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ташаккул додани малакаю маҳорат ва лаёқатмандии насли наврас, эҷодкориву созандагӣ таъсис ёфта, то ба имрӯз аз саросари вилоят хонандагонро ҷамъ овардааст. Толибилмони боистеъдоди ин марказ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардидаанд.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ ва суҳбат ба кормандони раёсат ва зерсохторҳои он барои фаъолияти пурсамар, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии олимони ҷавон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд. Дар навбати худ масъулин ба Роҳбари давлат барои дастгирии пайваста ва бунёди чунин иншооти наву замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.









Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд






