МАВСИМИ НАВИ ҲУНАРӢ. Театрҳои Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи мухлисон боз намуданд

Сентябрь 19, 2018 16:00

ДУШАНБЕ, 19.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар тамоми театрҳои мамлакат мавсими нави театрӣ бо намоишҳои ҷолибу диданӣ ифтитоҳ гардидааст. Ҳайати  кормандони театрҳои мамлакат ба пешвози мухлисону ҳаводорон ва меҳмонон намоишҳои пурмазмуне аз эҷодиёти нависандагони машҳури тоҷик ва хориҷӣ омода намуда, ҳунарпешаҳои бомаҳорат ба ин намоишҳо ҷилои тоза мебахшанд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Зарангези ЛАТИФ гузориш омода намудааст.

Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ мавсими 89-уми театриро бо намоиши «Ишқи нобино», ки ба фаъолияти пурсамару бузурги табибон-пайравони аллома Ибни Сино бахшида шудааст, оғоз намуд.  Намоиш  ба қалами нависанда Маҷид Салим тааллуқ дошта, коргардони он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Турахон Аҳмадхонов  мебошад.

Дар нақшҳои асосӣ ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саодат Азизова, Бобоҷон Ҳасанов, ҳунарпешагон Насриддин Асадуллоев, Савлатмо Ақназарова, Исфандиёр Ғуломзода ва Умедҷон Бобомуродов ҳунарнамоӣ намуданд.

Бояд зикр кард, ки «Ишқи нобино» бозгӯкунандаи арзишҳои неки ҷаҳони маънавӣ, хидмати тиббӣ ва ишқу муҳаббати пок мебошад. Ин асар драмаи иҷтимоӣ буда, дар он  бархӯрди ақидаву андешаҳо дар заминаи арзишҳои  илмию тиббӣ ба таври бадеӣ инъикос ёфтаанд.

Аҳли эҷоди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ низ ба ҳаводорони санъати опера ва балет дар оғози мавсими нав намоиши ҷадиди И. Штраус «Кӯршабпарак»-ро манзур намуданд.

Қабл аз оғози ин намоиш алоқамандони мусиқии классикии Ғарб дар даҳлези театр беҳтарин намунаҳои мусиқии классикии ғарбиро дар иҷрои гуруҳи мутрибони ин даргоҳи ҳунар шуниданд. Дар ҳамин ҷо баъзе аз либосҳои саҳнавии ҳунармандони машҳури Театр- Артистони Халқии СССР Аҳмад Бобоқулов ва Малика Собирова, аксҳо ва асноди ҷолиби ҳунармандони имрӯзаи он ба маърази тамошои мухлисон гузошта шуданд. Дари Осорхонаи театр ҳам барои хоҳишмандони тамошои он боз буд.
Опереттаи «Кӯршапарак» ки дар таҳия он коргардони Театр Суҳроб Усмонов, хормейстер Елена Тиллоева, балетмейстер Мария Левитская ва дирижёр Анвар Шоймуродов саҳм доштанд, мақбули тамошобинони сершумор гардид.

Намоиши «Кӯршабпарак» спектакли ҷаҳонӣ аст. Он солҳои 70-уми асри 19 аз ҷониби бастакор ва дирижёри австриягӣ Иоганн Штраус ба оҳанг дароварда шудааст.   Опереттаи «Кӯршабпарак» аз ду парда иборат буда, дар он нақшҳои асосиро ҳунарпешаҳои таҷрибадор бо маҳорати баланд офариданд.

Ҳунармандони театр изҳор доштанд, ки дар мавсими нави театрӣ нақшаҳои зиёд доранду спектаклҳои навро ҳам барои тамошобинони хурдсол ва  барои калонсолон дар жанрҳои гуногун ба саҳна хоҳанд гузошт.

Баъди истироҳати начандон тӯлонӣ Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов низ дари худро ба рӯи мухлисонаш боз намуд. Дар мавсими 47-уми театрӣ аҳли ҳунари ин театр намоишномаи «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ»-ро пешниҳод намуданд. Асари саҳнавиро коргардон Шавкат Халилзода ба саҳна гузоштааст.

«Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ» драмаи шоир ва нависандаи муосири тоҷик Меҳмон Бахтӣ мебошад ва дар ҳамкорӣ бо ӯ тавлид шудааст. Театри мазкур дар мавсими 47-уми театрӣ спектаклҳои тамошобобу диданиро таҳия хоҳад намуд.

Ҳунармандони Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун мавсими нави театриро ба  солгарди зодрӯзи Фаррухи Қосим- бунёдгузори театри Аҳорун бахшиданд.

Кормандони театр намоиши пурмазмуне аз фаъолияти эҷодии театр ва ҳунарпешаи номдору зиндаёди тоҷик Фаррух Қосим таҳия намуданд.

Ба маҳфил моноспектакли «Ватандорӣ» дар таҳияи Фирдавси Қосим ҳусни тоза бахшид, ки аз ҷониби аҳли толор бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гардид.

Дар ин барномаи фарҳангӣ меҳмонони олиқадр, аз ҷумла роҳбарият ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, вилоят, шаҳр намояндагони воситаҳои ахбори омма, зиёиён ва ҳаводорони санъати театрӣ иштирок доштанд.

Даҳаи аввали моҳи сентябри соли 2018 аҳли ҳунари Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ният доранд, ки ҳаводорони худро зери шиори «Театр бар зидди терроризм» ҷамъ оварда, намоиши нави «Қобил»-ро манзури дӯстдорони санъати театрӣ намоянд.

Мақсади намоиш- пешгирии ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва ҷангу низоъ дар ҷомеаи имрӯза ва ҷалби мардум ба фарҳанг ва санъат мебошад.

Ҳунармандони Театри мусиқӣ—мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев дар мавсими нави театрӣ намоишҳои ҷолибро манзури тамошобинон гардонида истодаанд.

Аловиддин Абдуллоев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ин навбат бо намоиши «Карим Девона» мавсими театриро оғоз намуданд. Дар намоиши мазкур саҳнаи зиндагии фоҷиабори сокинони водии Ҳисор  дар охири асри XIX ва аввали асри XX образноку хотирмон инъикос ёфтааст. Бояд гуфт, ки Карим Девона баҳри тантанаи ҳақиқату адолат, бародарию баробарӣ ва дӯстиву рафоқат дар талош буд ва намоиши мазкур ба ин шахс бахшида шудааст.

Ҳунармандони театри мазкур ният доранд, ки ин намоишро ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, Қубодиён, Дӯстӣ ва шаҳри Ҳисор манзур намоянд.

Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб мавсими нави театрӣ охири моҳи сентябр оғоз мегардад.

Ҳунармандони театр нақша доранд, ки намоиши «Умед»-ро дар таҳияи Сафархон Аҳмадхонов пешкаши ҳаводорони худ гардонанд. Ин намоиш ҷанбаи тарбиявӣ дошта, ҷавононро ба устувор ва пойдор нигоҳ доштани фазои оилавӣ ҳидоят мекунад.

Ҳамин тавр, тамоми театрҳои кишвар дари худро ба рӯи мухлисон боз намуда, ҳаводорони худро ба дидани намоишҳои рангини худ даъват менамоянд.

Сентябрь 19, 2018 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ». Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор шуд
ҶАШНИ САДА НИЗ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШАВАД. Пешниҳоди академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
«САДА ОМАД, КИ ТУРО МУЖДА ДИҲАД АЗ НАВРӮЗ». Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиши тухмии зироати кишоварзӣ оғоз гардид
«САДА-ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба он конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ҶАШНИ САДА ДАР ДЕВАШТИЧ. Он бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил шуд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мурғоб ҷашни Садаро бо шукуҳ таҷлил намуданд
«ОЛАМИ ГУЛДӮЗИИ ТОҶИКОН». Ин китоб мероси пурарзиши тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд
ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба пешбурди ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2025 ҳамоиш доир шуд
Соли 2024 сафи довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 860 нафар зиёд гардид
Соли 2024 дар театрҳои касбии Тоҷикистон 63 асари нав саҳнавӣ гардид