МУБОРАК ШАВАД! Мухбир-суратгири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд

Сентябрь 4, 2018 15:10

ДУШАНБЕ, 04.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти самарабахши меҳнатӣ мухбир-суратгири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Тоҳирҷон Саидов бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ-Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуд.

Мукофоти давлатиро имрӯз мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа  Масрур Абдуллозода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба номбурда  супорид.

Мавриди зикр аст, ки Тоҳирҷон Саидов аз соли 2008 инҷониб дар АМИТ «Ховар» ба ҳайси  мухбир-суратгир фаъолият  мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

 

Сентябрь 4, 2018 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд